Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба милисаҳо чӣ ҷавоб мегӯяд? Ҷавобгар мешавад, туҳмат кардӣ, мегӯянд. Ба бало мемонад. Баъд вай шумоҳоро мебахшад? Девонагариҳояш мегирад, аз пасатон мешавад, хонаҳои деҳаро сӯзанкоб мекунад, «канӣ мулло?» гуфта дар хонаи ман ғазо меандозад, шумоҳо мераведу суду судбозиаш бо ман мемонад. Бе ин ҳам барои инҳо худӣ не, омад ҳисоб меёбам.
– Тағо, тағоҷон, як гапе гӯед, ки ба шумо бовар кунанд.
Ҳамаи гапатон як сӯю ҳамин гапатон, ки шуморо омад, селу санговарда мегуфтаанд, ғалат. Ҳамина гӯед, ки бобою бибиам дар куҷо хок шудаанд, боз фарзандонатонро намегӯед, дар ҳамин ҷо гузаштанд. Шумо бо ин мардум хокшарику обшарик.
– Шумоён ҷиян, аз як ҷиҳат дар Шоҳмансур не, дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунед, шумоҳо шаҳрӣ, зиндагии деҳаро намедонед, инҳо як таомулҳое доранд, ки шунавед ҳайрон мемонед. Садсолаҳо ҳам умратон дар деҳа гузарад, аз куҷое омада бошед, ҳамонҷоӣ мондан мегиред. Дар Сафедоб ман бобои Ӯзбакхоҷа ё мулло Ӯзбакхоҷа нестам, номи ман муллои шоҳмансурӣ, фарзандонамро ҳам бачаҳои муллои шоҳмансурӣ мегӯянд. Як кас Файз ном доштааст, аз деҳаи Кохуи Ромит кӯчида омада будааст, чанд аср гузашта, устохонҳояш дар гӯр намонда, худашро Файзи кохучӣ мегуфтаанд, набераю абераю чабераҳояш ҳам то ин рӯз абераю чабераҳои Файзи кохучӣ.
Баъд бобои Ӯзбакхоҷа ҳасрат намуд, ки одамони омад дар баробари таҳҷоиҳо қадру манзалат надоштаанд. Масалан, худи ӯ як муллои дар Бухоро хондагӣ, аз дину шариат хуб огоҳ.
Дар баъзе ҷойҳо ӯро олим ҳам мегӯянд, лекин дар ҷое, ки ягон нимчамуллои деҳаи худашон бошад, сафедобиҳо раво намедидаанд, ки вай дар намоз пеш гузарад. Ҳол он ки баъзеи ин нимчамуллоҳо алиф, бе, те, се-ро дар назди худи ӯ омӯхта будаанд. Дар мактаби деҳа ҳам аҳвол ҳамин. Муаллимон ба худию бегона ҷудо, директори мактаб бояд, ҳатман аз худиҳои худашон, аз Сафедоб бошад.

пешина
аз 234
навбатӣ