Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҷои марги ман ҳам мешавад.
– Ту бедил нестӣ-ку.
– Ту бедилӣ, чаро худатро аз ҷар намепартоӣ?
– Мебинӣ, ки ҳамроҳат омадам.
– Ҳамроҳ мемирем.
– …Ба «ҳа, ҳамроҳ мемирем», гуфтан ҳам забони Фахрӣ нагашт.
Баландиеро баромаданд. Фахрӣ бозистод.
– Расидем, – гуфт.
– Канӣ ҷар?
– Ба поён нигар.
– Ман чизеро намебинам, наздикам биё, Фахрӣ, дастамро гир, – дар пойҳои Лутфия ларза афтод.
– Сабр кун, Лутфия, тавба кун, ба худ биё, ақиб мегардем, худамонро аз ҷар намепартоем.
– Баъд чӣ кор мекунем?
– Акаю хоҳар мешавем.
– Бе ту наметавонам, ман зиндаю баъд ту зан гирӣ?
– Дар тақдирамон набудааст.
– Қасам хӯрда будем, аз хотират баромад?
– Қасам хӯрда будем, рост, – овози Фахрӣ ларзид.
– Бо ҳам мемирем, бе ҳамдигар намезием, гуфта будем?
– Гуфта будем.
– Аз роҳат нагард, дастатро деҳ.
– Чӣ мекунем?
– Бо ҳам, якҷоя, дасти ба даст худамонро аз ҷар мепартоем,
– Лутфия пештари ҷар рафт. – Пеш биё, ақиб нагард, номард нашав, чашм мепӯшему дасти ба даст, баъд…
– Баъд чӣ?
– Ба мақсад мерасем, бо ҳам мемирем, бо ҳам дар як гӯр, бо ҳам хок мешавем.
– Беақлӣ накун, ба ту фаҳмонда намешавад.
– Қасам хӯрда будӣ, – Лутфия боз ҳамон лаҳзаҳои ҳазорҳо
бор қасам рӯи қасам хӯрданҳои Фахриро ба хотираш овард.
– Қасам мехӯрдам, ки розӣ шавӣ.
– Дурӯға қасам мехӯрдӣ? Фиребам медодӣ?
Дар ҷавоб Фахрӣ хомӯш. Меҳаросид, ки Лутфия оташин

пешина
аз 234
навбатӣ