Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

шуда «ту номард! Номард!» – гуфта боз таҳқир накунад, ба сараш хеста ҷанҷолу хархаша набардорад. Чӣ кор кунад?
Ҳоло лаҳзаҳои дар ин олам будану набудани ҳардуяшон.
– Лутфия, медонӣ чӣ мегӯям? – Фахрӣ ба Лутфия рӯй овард.
– Чӣ мегӯӣ?
– Ту ҷону ҷигари ман, ҷони ман, дилам намешавад, ки дар пеши назарам ту худатро ба ҷар партоӣ, ман аз ту пештар мирам мегӯям, ман аввал худамро аз ҷар мепартоям, – бо азоб, канда-канда чанд ҳарфи охирро ба забон овард Фахрӣ. Хаёл дошт, ки суханонаш ба Лутфия асар мегузоранд, аз роҳи марг бармегарданд, вале саҳв намуд.
– Не, не, ҳаргиз не, Фахрӣ. Агар бинам, ки ту худатро аз ҷар партофтаӣ, зиндамур мешавам, худамро гум мекунам, аз ҳуш меравам. Ман аввал! Ман аввал! Аз пасам биё, чашмота пӯш, ана ман чашмонамро пӯшидам, дидӣ, чашмонамро пӯшидам, ана бин! – овози Лутфия баланд садо дод, пой ба лаби ҷар бурд.
Баъд чи шуду нашуд, Фахрӣ надонист, чашм кушод. Аз Лутфия – аз духтари хола на ному на нишон, худаш мондаю лаби ҷар. Дар ин олам Лутфия буд ё набуд, ба ҷар худашро партофт. Гӯё бозӣ ба бозӣ, шӯхӣ ба шӯхӣ дар байнашон ҳамин ҳолат рух дод, Фахрӣ ба сари Лутфия об рехт, бо бозие, ки Мӯнисаи духтари вазир ҳам ҳамроҳ. Ҳар ду ҳамроҳ шуда, ба духтари хола чи карданд. Акнун Фахрӣ чӣ ҷавоб мегӯяд? Аз ҷои исташ намеҷунбид, беҳаракату карахт, ҳайрон. Ҳамин ҳангом овозе шунид, овози шинос, овозе, ки «Фахрӣ!», гуфт, ба ақиб рӯ овард, Мӯниса. Байнашон гуфтугӯ буд, ки Фахрӣ дарвозаро мекӯбад, рамзе, ки ҳарду мефаҳмиданд. Баъд Мӯниса ноаён аз паси Лутфияву Фахрӣ афтод, дар лаҳзаи лозимӣ омад, дасти Фахриро гирифт. Бо ҳам даст ба даст баландиро хамиданд.


Сари ҳар ҳафта ё моҳ як-ду бор дар хонаи бобои Ӯзбакхоҷа ширинкорон, базлагӯён, одамони шӯху хушчақчақ ҷамъ меоянд, ба қавли худашон менишинанду мегӯянду механданд, ғубори дил бароварда мераванд. Имшаб ҳам дар ин ҷо маърака буд. Гуфтугӯ, суҳбаташон дар атрофи бачаи кампири Санам печида монд, ки ӯро ҳама Сархӯр мегӯянд, бачаи аҷоибе, мисле, ки ӯ ягона, дар миёни бачаҳои деҳа ӯ баринаш набуда.

пешина
аз 234
навбатӣ