Ишқи сархӯр

Ба мисле, ки ба рӯи одамон, ба рӯи модари зору ҷонаш бар лаб омада, ба рӯи падар ва бародар офтоб рух тофт.
– Лутфия! Ана Лутфия, Лутфия омад!– Бачаҳою духтарони хурдсол фарёд заданд, дигарон ҳам «Лутфия! Лутфия омад!»
мегуфтанд, ғалоғула. Меҳринисо, ки рӯймол аз сараш афтода, мӯйҳои сар болои китфонаш хамида буданд, ҳайрону ҳайратзада рӯ ба духтар шуд. «Лутфия?! Ту Лутфияӣ? Омадӣ? Бовар надоштам, ки туро мебинам».
– Очаҷон, ҷон очаҷон, – дастонаш ба гардани модар халқа шуданд.
Назари модар ба ҷавоне афтод, ки дар паҳлуи Лутфия меистод. Модар бо ишора кӣ будани ӯро аз Лутфия пурсид.
– Исфандиёр аст, оча,
– Исфандиёр?! Сархӯр?
– Ҳа, ман, очаҷон, Сархӯр, – худи ҷавон ба сухан омад.
– Медонам, бачам, Лутфияро ту аз марг раҳондӣ. Тағои Ӯзбакхоҷа гуфтанд, ту намебудӣ аз духтарам мемондам, мемурдам.
– Кофта-кофта боз ёфтамаш.
– Хуб кардӣ, омадӣ, ту фарзандамӣ, фарзанди ҷонамӣ.
– Медонӣ, Исфандиёр, ман ба Фахрию Мӯниса чӣ гуфтам?
Гуфтам, ки дасти ман соҳиб дорад. – Лутфия гуфтаашро ба хотир овард.
– Дастатро ба ман деҳ, азони худамӣ, – Исфандиёр дасташро сӯи Лутфия дароз кард. Лутфияву Исфандиёр даст дар дасти ҳамдигар паҳлуи ҳам меистоданд.
Падари Лутфия Исфандиёрро шинохт. Ҳамон ҷавоне, ки муаллим барои дохил шуданаш ба донишкада ёрдам расонида буд.
Чашми ҳама ба Исфандиёру Лутфия, дасти Исфандиёр докапеч, дар гарданаш. Воқеа дирӯз рух дода буд. Он ҳам боз аз баҳри Лутфия.
-
-
- Аз гӯристон баромада сӯи деҳа роҳ гирифта буданд.
-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё