Ишқи сархӯр

Чанд нафар тарафашон меомаданд. Фахрӣ бачаҳоро ба сари Сархӯр меовардааст.
– Чӣ кор мекунем? – Лутфия бо ҳарос афтод. Исфандиёр дасти духтар дар даст рӯ ба Фахрию ҳамроҳони ӯ истод.– Исфандиёр, метарсам, аз рӯи ман ба ту ягон гап нашавад, ҳамааш аз баҳри ман… Фахрӣ бачаҳоро овардааст.
– Мон биоянд.
Фахрӣ аз қатори бачаҳо пеш баромад.
– Эй ту... – гуфт ба Исфандиёр.
– Ҳа, эй ман, – паст наомад Исфандиёр.
– Дар болои мазор Лутфия гуфта буд, ки дасти ман соҳиб дорад, соҳибаш худат ҳастӣ?
– Ҳа, ман. Чӣ мегӯӣ? Агар ту мард мебудӣ, танҳо меомадӣ, бачаҳоро саргардон намекардӣ, биё, пештар биё, худат биё.
Исфандиёр дасти Лутфияро раҳо намуда, сӯи Фахрӣ қадам монд, Фахрӣ ақиб гашт, бачаҳо пеш омаданд. Сархӯр машқкарда, ҷангдида, тарзи бо чандин кас ҷангиданро ҳам омӯхта. Дар лаҳзае як-ду нафарро аз пой афтонд. Ба хаёлаш, ки алови чашмашонро гирифт, парешон шуданд. Ба ногоҳ зарба хӯрд, бо оҳан ба банди дасташ заданд, аз афташ Фахрӣ зада буд ва баъд ӯ роҳи гурезро гирифт.
Мӯниса шаб ба саҳар наомада аз хоб хест. Хоби бароҳат нарафт. Ҳушаш ба тӯйе, ки бояд барпо мегашт, Тӯйи худаш, ӯро ба шавҳар доданианд. Намехоҳад, ҳеҷ гоҳ намехоҳад.
Наход ӯ Фахриро монда шавҳар кунад. Падараш ин тӯйро барпо намуданӣ, домод фарзанди боз як калоншавандаи аз падараш болотар, савдоҳояшон пухта будааст. Тавба, Мӯниса савдо шуда будааст, модараш ҳам розӣ, ҷои бадили ӯ ҳам будааст, одамони будаманд. Ба розӣ будану набудани Мӯниса гӯш намедодаанд. «Падар розӣ – Худо розӣ» – модар ба гӯши вай талқин менамуд.
Тӯй оғоз ёфт. Бо баланд шудани садои доираву таблак аз миёни ҳавлӣ Мӯниса аз ҷойгаҳ хест. Рӯз мегузашт, тӯякиҳо меомаданд, базм метафсид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё