Ишқи сархӯр

То ба ин ҷо расидани вай, аллакай, аз гурехтанаш хабар ёфта будаанд. Гумонбар аз Фахрӣ, бало ба сари вай, ҳавлиашон пур-пури одам. Ҳама «Фахрӣ, ҳой Фармонбойи худозада!» – гӯён падару писарро мекофтанд. Даруни кулба, то ҳезумхонаю мурғхонаҳоро тагу рӯ мекарданд, фарёд мезаданд, аммо аз ҳеҷ куҷо садое не, яқин гум шудани арӯс кори ҳамин хонадон вагарна куҷо шудаанд?
Куҷо рафтаанд? Куҷое рафтаанд, ки духтарро бурдаанд.
«Кошкӣ ҳамин хел мешуд» – ба худ пичиррос мезад Мӯниса, ки дар торикиҳо пас-паси дарахтон панаҳ-панаҳ мегашт.
Дар ҳамин дам аз миёни одамон овози касе баланд шуд:
«Ҳой мардум, Фахриро накобед! Ман шоҳид, ман дидам, ки ҳанӯз қарибиҳои офтобшин падару писар ҷомаҳо сари китф аз маҳалла баромада рафтанд!». Бо шунидани ин хабар латтаи онҳое, ки дар ҷустуҷӯи Фахрӣ буданд, дар об зад, ҳама аз ҳавлӣ баромаданд. Ҳавлии беодам мондаю Мӯнисаи тоқаю танҳо. Такя ба девор зад. Чӣ хабаре шунид? Фахрӣ бо падар тарки хонаю дар намуда, аз маҳалла баромада рафтааст.
Рафтаасту ғами Мӯнисаро нахӯрдааст, фикр накардааст, ки Мӯнисаро худаш «гурез, биё», гуфта буд. Акнун куҷо меравад духтар? Таг замину боло осмон, пой аз замину даст аз осмон канда. Ӯро ҷои рафт не, чӣ кор мекунад? Магар Фахрӣ хиёнат кард? Мӯнисаро «ба хона биё», гуфту худаш рафт?
Вайро ҳам мисли Соробегиму Лутфия фиреб дод? Оё ҳамон рӯзе, ки бо ҳам Лутфияро дар сари гӯр масхара мекарданд, Лутфия рост гуфта буд, ки ҳоли вайро ҳам мебинад, дар миёни роҳ мемонад? На, бовар надорад. Вай бо духтарҳои зиёде ҳамгап буд. Рӯзи Соробегиму Лутфияро сиёҳ намуд, аммо мегуфт, ки ҳамааш ба хотири Мӯниса. Дошта – надошта якаю ягона Мӯнисаро доштааст, аз ҳамаашон ҷудо гашта, Мӯниса мегуфт.
Дар масъалаи Лутфия бо худи Мӯниса маслиҳат андохт, гуфт, ки роҳи аз Лутфияи шилқин ҷудо шуданашро фикр кардааст. Ӯро бо ҳам ба сари ҷар бурданд. Баъди ин меҳри Мӯниса ба Фахрӣ садчанд афзуд. Аз гапи падару модар мебаромаду гапи Фахриро мегирифт. Ҳамин, ки аз тирезаи хонаҳои боҳашаматашон, аз ошёнаи чандуме, ки вайро дар зери дарахти тути ваъдагии қади роҳ медид, худро аз ҳамон баландӣ афкандан мехост, дасташ дар зар мешуд, наздаш мешитофт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё