Ишқи сархӯр

Аз дасти ту кампири Солеҳамоҳ нолон, духтари хона – наберааш Соробегимро бароварда бурдӣ, овоза шуд, номзад дошт, аз фотиҳа гашт. Барои келин шудани вай дигар ҳеҷ кас по пеш намемонад, бахташро сӯхтӣ. Вай номзади бачаи Сӯфисанг будааст, Сӯфӣ аз ман рӯй тофтааст, бачааш аз Русия омадааст, дина дар пеши одами бисёр аз ришам гирифт, «бачата мекушам», гуфта гаштааст, гапи духтари холаат Лутфия аз даҳон намондааст, вайро куштӣ мегӯянд, дар хонаашон ғирев.
Ҳамаи ин бас набуд, ки боз байту ғазали нав, ба духтари вазир гап додӣ, ҳамин лаҳзаҳо вай меояд, қиёмат қоим мегардад. Пои ман ҳам дар ин ҷанҷолҳои ту ғеҷид. Барои ману ту дар ин маҳалла, дар миёни мардум ҷой намонд, дигар рӯи одамоя набинам мегӯям. Зиндагӣ бароям тамом, нанг дорам, номус дорам, наметавонам, бачам, ман сарма гирифта меравам, – падар, ки рӯ-рӯи хона қадам мемонд, ҷомаашро аз сари мех гирифт, «меравам» гуфт.
– Куҷо меравед, дада, мана монда куҷо меравед, дада? – Пеши пойҳои падар афтод Фахрӣ.
– Туро намепартоям, бачам, туро ҳам мебарам, бачам, тавакаламон ба Худо мегӯям, бачам. – Аз дидагони падар ашк меборид, рӯи ба писар назар андохтан накард, ба Фахрӣ ҳам фармуд, ки ҷомаашро бигирад. Падару писар ҷомаҳояшон дар китф аз ҳавлиашон баромаданд, ба роҳ даромаданд. Шаб торик, пеши роҳашон равшан набуд.
Мӯнисаро ба таги чодар бурданд, тана ба тахт истод, домодро ба паҳлуяш хонданд, назар ба домод, гӯё хоб буд, бедор шуд. Чӣ гапу чӣ воқеаҳо шуда? Ӯро иҷоб карданд, хутбаи никоҳ хонданд. Гӯё ақлашро дуздиданд. Анг монд, якбора ба худ омад. Дарун-дарун сӯхт, тамоми вуҷудаш оташ гирифт, ҷисму ҷонаш гудохта гашт, аловӣ шуд, ку Фахрӣ? Ӯ дар куҷо? Қавлу қасам чӣ буд?
Сабру тоқаташ рафт. Бо баҳонае дар они воҳид надонист чӣ тавр аз таги чодар берун шуд. Медавид ӯ, Фахрӣ гуфта, сӯхта-пухта дар ҳоле ки нафас дар гулӯ дармемонду дилаш ба танг омада ранги рӯяш сиёҳӣ мезад, сӯи кӯи мурод, сӯи кулбаи Фахриашон медавид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё