Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Намедонам, ана омад, аз худаш пурсед.
– Ба номи Худо, агар гӯяд, ки ба тӯй шудан бо Содирхон розӣ мешавам, чӣ шарте дошта бошад, ба ҷо меорам. Ба ман ризоияташ лозим.
– Шарташро гӯям? – бо ханда давом намуд модар. – Ҷанг намекунед, гӯям?
– Гӯй.
– Ба хондан меравам, – мегӯяд.
– Канӣ, аз забони худаш шунавам.
– Розӣ мешавад.
– Биё, духтарам, – гуфт падар ба Малика, ки аз поғундаҳои зинаи пешайвон боло шуда буд.
– Ассалом, – Малика дастҳо аз болои камзӯлчаи симдӯзӣ дар миён рӯ ба падару модар ва холааш меистод.
– Мактаб тамом шуд? – эшони Саидҷалолхон, ки бо такя ба болишт, рӯи курпача дароз кашида буд, аз ҷой хеста нишаст.
– Ҳа, дада.
– Нағз, муборак шавад.
– Ташаккур, дада.
– Содирхон куҷо шуд?
– Ҳозир меояд, справкагирӣ ба идораи ҷамоат рафт.
– Чӣ мекунад справкаро?
– Хондан меравад.
– Нағз, духтарам. Ин ҷо бегона нест, ман, модарат, холаат.
Акнун ба тӯй розӣ мешавӣ? Содирхон фарзанди худамон…
Аз шарм буд, ки ранги рӯи Малика суп – сурх шуд, сараш хам гашт, ақиб рафт, ба хона даромад.
– Сукут аломати ризо-а? Дидед? – ба завҷа ва хоҳарарӯсаш муроҷиат кард.
– Гуфтам-ку, вай бо ҳамон шарташ розӣ мешавад. Хондан мехоҳад, розӣ мешавед?
– Ман розӣ, – гуфт эшони Саидҷалолхон ва афзуд: – Ҳамроҳи Содирхон ба хондан раванд, хуб мешавад.
Содирхон ва Малика маслиҳат карда будаанд. Малика бо маслиҳати падар ба Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шуд. Солҳои анҷоми таҳсили ӯ ба рӯзҳое рост омаданд, ки ҷумҳуриро нооромӣ фаро гирифт.

пешина
аз 234
навбатӣ