Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар деҳаи онҳо низ силоҳдорон пайдо шуда буданд. Қумандонашон писари амаки Абдукарим – як шахсияти бообрӯ, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дорандаи бисёр ордену медалҳо буд, ки дар мактаби Маликаино борҳо бо вай вохӯриҳо мегузаронданд. Ҳамаро насиҳат мекард, ки ба роҳи бад нараванд, фарзандони некном, барӯманд шаванд, вале бинед, ки фарзанди худаш чи роҳе пеш гирифт, ӯ силоҳдор, дилозор, бадгуҳар, бадрафтор, одамкуш…
Ба Малика муаллимаш устод Абдусаттор Раҳимзода, ки дар Душанбе панҷ сол дар хонаи онҳо зиста буд, инчунин ба муллою эшонҳо эътиқодманд будааст, борҳо бо падари ӯ вохӯрда меҳмони хонадонашон шудааст, маслиҳат медод, ки то беҳ гаштани вазъият ба деҳаашон наравад, дар донишгоҳ монад, ба вай кор меёбанд. Вале Малика хоҳиши устодро напазируфт, наҳаросид. Ба деҳаашон омад. Вайро дар мактаби худашон муовини мудир оид ба корҳои тарбия таъйин карданд. Бетаҷриба буд, лекин бовар карда, ӯро ба вазифа лоиқ диданд. Ӯ аз ҳисоби духтарони деҳа аввалин бонуи маълумоти олидор. Таъкидаш карданд, ки хуб кор кунад, намуна шавад. Ба вай бовар доштаанд.
Фаъолияташ дар мактаб шурӯъ шуд. Мактаб барояш ошно, ҳамон синфхонаҳо, партаю тахтаҳои синф, мизу курсиҳо, посбон ҳамон бобои Муллоназири ланг, фаррошҳо холаҳои худи ӯ, муаллимон устодони пешинааш. Кору фаъолият барояш осон. Бояд дар либоспӯшӣ, гашту гузор, муомилаю муносибат, ҳатто дар роҳгардию қадаммонӣ, чунон бошад, ки духтарон аз ӯ омӯзанд, чашмашон ба дунёи нав кушодатар гардад, худро бишносанд, эҳтиёт шаванд. Китоб мехонд, шогирдонро ташвиқ мекард ба китоб рӯ оваранд. Ҳамроҳашон рӯзномаҳои деворӣ мебаровард, маҳфили шеъру суруд меорост. Садои мусиқӣ дар мактаб танинандоз. Тӯю маъракаҳои деҳаро духтарони ӯ бо суруду рақсҳои зебояшон гарм мекарданд. Бо омадани Малика дар фаъолияти духтарони мактаб дигаргунӣ, ҷӯшу хурӯше падид омад. Албатта, ин ҳол на ба ҳамаи падару модарон ва аҳли деҳа маъқул меафтод. Хусусан, аз тарзи либоспӯшӣ, ороиши рӯю мӯи худи ӯ гап шуда дар деҳа. Гап ба гӯши силоҳдорон ва қумандон Барзу расида.

пешина
аз 234
навбатӣ