Ишқи сархӯр

Ҳар ду табақаи дар бошаст шараққосзанон боз гашт. Гурсгурс қадам зада Барзу пеш-пеши нигаҳбонҳояш вориди синфхона шуд. Маликаро, ки журнали синфро болои миз паҳн карда буд, як тараф тела дод.
– Гум бишав аз ин ҷо ту, – гуфт ва автоматро аз китф болои миз партофт. Ба аҳли синф, ки паси партаҳо бо сарҳои хам чун гунҷишкакони тарсхӯрда лап зада, пушти ҳамдигар панаҳ бурдан мехостанду нафас намебароварданд, дида дӯхт.
Нигоҳаш ба як духтари дар партаи охир нишаста дармонд.
Аниқтараш рӯи зебо, пайкари нозук, чашмони хумори ӯ ҳуши вайро рабуда буд.
– Канӣ, ту бихез, – гуфт Барзу ба он духтар. – Туро мегӯям! – бо дасташ ишора кард ба ӯ. Духтар аз ҳарос, бо тани ларзон аз паси парта баланд шуд.
– Чӣ ном дорӣ?
– Ҳабиба.
– Нағз, ту духтари кӣ мешӣ?
– Духтари Усто Тағоймурод.
– Усто Тағоймуроди заргар?
– Ҳа.
– Бишин.
Баъд Барзу назар ба Малика андохт.
– Пеш биё, муаллима. Чӣ гуфта будам ба ту? Куртаи остиндароз, эзор пӯшидӣ? Рӯймол бастӣ? Ғами ҷонта хӯр. Гуфтам-ку ғами ҷонта хӯр. Духтари кӣ буданат бароям фарқ надорад. Мулло бошад падарат, ба худаш мулло аст. Бин, шогирдонат дар чӣ ҳоланд? Чува ин духтарҳо бо сару банди пою дастҳои луч шиштаанд?
– Дар дарс бояд ҳамин хел бишинанд.
– Гап нагардон, сарум гарм шуда истодай, зунукта гир! – фарёд зад Барзу… Хомӯш монд, аз сари қаҳру ғазаб худро гардондан мехост, ки хело дам истод. Баъд ҳамаи духтаронро «ту, ту» гӯён ба ҳар яке ишора карда, ҳамаашонро ба ақидаи худаш «чухт» мононд.
– Гӯш букуне, мочахирсҳо, гӯш куне, ки ман чи мегӯм. Аз пагоҳ ягонтаатон дар синф бо сари луч намешине, рӯймол мебанде, куртаҳотон ҳам дигар шавад, куртаҳои очаҳотон барин шавад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё