Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Онҳо мухолифи бо рӯи кушода гаштану, мӯйҳоро намоён кардани духтарон буданд.
Як рӯз Малика аз мактаб баргашта, дар ҳавлиашон силоҳдорон ва Барзуро дид. Барзу ва чанд нафар ҳамраҳонаш рӯи кати болои пешайвон ҳамроҳи падари Малика нишаста буданд.
– Бобои домулло, хеле гап задем-а? Фаҳмидагистед, пеши роҳи духтаратонро гиред, ба хубӣ мегӯем, аз пешатон мегузарем. Агар не, чи кор карданамонро бо ин беваҳо худамон медонем: чордарон мекунем. Нагӯед, ки нагуфтем, – Барзу Маликаро дида, гӯшона ба вай бо овози баланд ва қаҳру ғазаб бо эшони Саидҷалолхон ҳарф мезад, дӯғу пӯписа мекард. Ва бо эшон худоҳофизӣ накарда, аз ҷой бархост, автоматро, ки намоишкорона болои кӯрпача монда буд, гирифт, ба китф овехт, аз назди Малика гузашта қадаме ақиб монд.
– Ҳама гап дар сари ту, Малика. Духтарони деҳаро бероҳа накун, худат ҳам мусулмон шав, ба отат ҳама гапро гуфтам.
Аз ҳамин рӯз ба баъд бо сари пӯшида мактаб меравӣ, бандҳои дасту почаҳоятро мепӯшонӣ, эзор, куртаи остиндароз мепӯшӣ… Фаҳмидӣ? Вагарна, мекушамат.
Ба роҳ даромад Барзу, ҳамраҳонаш ҳам аз паси ӯ шуданд.
Ҳавлиро сукути ҳузнангезе фаро гирифт.
– Замона нобоб шуд, духтарам, – вақти бо дидагони ашкбор дохили хона шудан Малика мешунид, ки падар боз мегуфт: – аз пагоҳ тағйири либос кун, рӯймол банд, бо инҳо ҳеҷ кор карда намешавад… Ҳама номусулмонанд, аз дину шариат бехабаранд.
Малика рӯзи дигар бо амри падар куртаи остиндароз пӯшид, ба сар рӯймол баст, ҳамон рӯймолчаи тагаш сабзтобе, ки ҳоло Мустафо дар Дараи Марг сари буттаи хор медид, дар лаҳзаҳое, ки мили автомати Барзу ба синааш мехалид.
Малика дар толори бузург дарс мегуфт, шогирдон гӯё дар рӯи Малика гул дида, ки аз ӯ чашм намеканданд. Хусусан духтарон дар ҳайрат, ки муаллима куртаи остиндароз ба бар карда ва рӯймол ба сар дорад… Малика бо димоғи сӯхта, чеҳраи ғамолуд рӯ ба шогирдон вазифаи хонагӣ пурсидан мехост.

пешина
аз 234
навбатӣ