Ишқи сархӯр

Яке аз аҳли маърака гуфт:
– Назари Худо ба ӯ шуда.
– Э не-е, агар назари Парвардигор ба вай мешуд, вай ин қадар бадбахт намегашт. Аз ҳамон рӯзи зода шуданаш чӣ балоҳое, ки ба сари ӯ наомад. Як ҳафтаи дароз аз хонаашон мурда бароварданд. Модараш беҳушу беёд, кӯдак ба ҳоли худ, ӯ дар куҷо? Ба хотир намерасид, таги суму сапал монд, гоҳе ба ёди кадом як ҳамсоя мерасидааст.
– Дидед, баъд ӯ чӣ хел бача шуд? Инро ҳам намедонед? – Каси дигаре ба гап даромад: – Азоб дида-азоб дида, бача ба ҷое расид. Як реза кӯдак буд, ки баҳри як бурда нон ҷон меканд, баҳри худашу модар нон меёфт.
– Кӯдаки аз ҷонаш сершуда, – яке паси дигар аҳли маърака суҳбатро гарм менамуданд. Қадаш як ваҷаб буд, ки аз паси гову мол медавид, ҳолаш харсаворӣ, баъд ба аспҳои навсаворӣ, чарс, бадфеъл савор мешуд, аспҳои пушти луч, безину афзол дингалак мезаданд, рост-рост мехестанд, тур мебардоштанд, медавиданд. Вале Сархӯр кана барин дар пушти асп часпидагиаш часпидагӣ. «Бача ягон гап мешавад», гуфта баъзеҳо чашм мепӯшиданд. Борҳо аз асп афтода, ба ҷогаҳу ҷома мешуд, модар ҳалилобдориаш мекард. Аммо сари по, ки мехест, боз ҳолаш ҳамон, аз паси аспҳо давидан, баъзан кадом як аспбоз барои саворӣ шудани аспаш ба Сархӯр муроҷиат ҳам менамуда.
Дар айни нақлу ривоятгӯиҳо як марди калонсол аз паҳлуи ҳамсуҳбаташ хесту «истед, истед», риштаи суханро ба даст гирифт:
– Ман дина шоҳиди як воқеаи фалокатбор шудам. Бачаҳо дар таги чинори лаби канал бозӣ мекарданд. Дар танаи як навдаи яктораи чинор мор диданд, ҳама тарсиданд, гурехтанд.
Ана, дар ҳамин лаҳза Сархӯр, чӣ кор кард гӯед, ба танаи чинор часпид, рӯ ба мор боло шуд, мор ба ҷунбиш даромад. «Сархӯр, фаро, мор мегазад, фаро!» – бачаҳо фарёд мезаданд. Лек киро мегӯӣ, Сархӯр ба мор наздик расид, мор тарафи ӯ гашт, сараш боло фашшос мезад. Сархӯр натарсид, наздиктари мор рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё