Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Хуб шуд, духтарам, ҳукуматиҳо омаданд, дар бало монда будем, – падар изҳори қаноатмандӣ дошт.
– Қумандонашон Мавлонназар одами хуб, ӯ ҳам муаллим будааст. Дар мактаб маҷлис гузаронда гуфт, ки ба онҳо мадад кунем, рост мегуфт, – Малика ҳам андешаҳои падарро тақвият дод ва афзуд, ки қумандони мегуфтагиаш марди солхӯрда, боандеша, фаҳмиши хуб дошта, ки гӯш дод ба вай. Аз ҷониби Барзу таҳқир шудани худ ва падарро ба ӯ ҳикоят кард. Ва баъд Малика изҳор дошт, ки аз дасташ ояд, ба онҳо кӯмак мерасонад.
Қумандони ҳукуматиҳо рӯзи дигар ба зиёрати эшони Саидҷалолхон омадааст. Ба эшон низ вай писанд афтода, ӯро фарзандам гуфтааст. Қумандон назди падар Маликаро хоҳари қиёматӣ хонда. Эшони Саидҷалолхон гӯсфанд куштааст, ба ҳукуматиҳо ошу нон додааст.
Боз рӯзе омада, ки ҳукуматиҳо аз деҳа рафтаанд. Дар Поёноб, ки поёнтар аз сангоб ҷойгир аст, дар Қасри фарҳанг қароргоҳашон шуда. Қумандон ба Малика таъкид намуда, ки зарурате пеш ояд, ба ӯ муроҷиат намояд. Ва агар имконаш шавад, аз бозгашти силоҳдорони Барзу хабар диҳад.
Ҳамин тавр, дар дили бисёриҳои аҳли деҳа, дар дили эшони Саидҷалолхон ва Малика ваҳму ҳарос боз соя андохт.
Мардум аз оқибати саломуалайк, хайрхоҳиҳояшон бо одамони ҳукумат меҳаросиданд. Ба қавли онҳо дар миёни аҳли деҳ «бузҳо» – хабаркашҳо буданд. Яки онҳо ба ҳама маълум: боз ҳамон Хидиралӣ, ки алҳол бо иғвойи ӯ муаллим Мустафо дар Дараи Марг дар дами ҳалокат қарор дошт. Барзу ӯро рӯ ба рӯ рост гузошта, дам ба дам ангушт ба куланги автомат мебурд.
Дар ҳақиқат ҳамин тавр шуда буд. Он рӯзҳое, ки ҳукуматиҳо дар деҳа буданд, муаллим Хидиралӣ яке аз хушомадгӯёнашон буд. Намедонист бо кадом забон ҳарф зада, хешро ба онҳо маъқул кунонда, баъд ба хонумони одамони ба дилаш намеғунҷида оташ андозад. Ӯро силоҳдорон намефаҳмиданд, ба вай гӯш дода дари ин ё он кулбаро мекӯфтанд…

пешина
аз 234
навбатӣ