Ишқи сархӯр

Баъзеҳо дидаанд, ки баъди аз деҳа баромадани ҳукуматиҳо муаллим бо «тӯша»-и зиёд – бо халтаҳои пур аз хабар дар торикӣ роҳи деҳаи ҳамсоя – қароргоҳи силоҳдорони Барзуро пеш гирифта.
Рӯзҳои охири фасли тирамоҳ, мавсими ҳузнангез, баргҳои дарахтон, токҳо рехтаанд, рӯи роҳу роҳрав, дами дару дарвозаҳо пур аз хазон. Дар ҳавлии эшони Саидҷалолхон ҳам рӯрӯи хазон мерафтанд. Ба дилҳо сиёҳӣ ва ҳузну навмедӣ. Ба замми ин, дар он бегоҳирӯзӣ боди сарде аз ҷониби кӯҳ мевазид, ҳаво тахти абр, осмон сиёҳ дуд карда. Шамоли сард ба сару рӯ мезад, бӯи барф меомад. Фасли сармо, бӯи зимистон.
Эшони Саидҷалолхон офтобаи обро, ки таҳорат карда буд, болои суфаи пешайвон гузошта, қомат рост кард. Панҷа ба риши сап-сафедаш, ки болои сандуқи синааш хам хӯрда буд, зада, қатраҳои обро аз торҳои ришаш таровонд. Ҳавойи барфолуду тира ба дилаш ғубор оварда буд. Ягон пешомаде ҳис намуда, ки табъаш нохуштар гашта, ба хона медаромаду мебаромад, рӯ ба ҷониби сангоб ба худ меандешид: «Худоё, Худовандо, чи рӯзҳое ба сари бандагон омада, ки одамони дасти росташонро аз чап намедониста, радди маърака, имрӯз пешдарою пешгузар».
Аз сангоб он сӯ то дуриҳои ба назар нонамоён, ғубор гирифта ҳама ҷоро, барф шиддат ёфта. Ҳамин қадар ӯ умр дидаю ин зайл ҳеҷ гоҳ дилаш бухс наовардаву хиҷил нагашта.
Ҳама ҷо ба хаёлаш нозебу дилгиркунанда. Чаро? Ба чи ваҷҳе дилаш аз кадом як пешомади нохуше гувоҳӣ медиҳад… Олам ноором шуда, силоҳ ба дасти одамон афтода, ба дасти онҳое ҳам, ки девонаавзоянд. Қатли одамон дар ихтиёрашон, гӯё Худо ба онҳо чунин ҳаққу ҳуқуқ дода. Намеандешанд, ки назди Парвардигор фардо чӣ ҷавоб мегӯянд, ба ҷазо гирифтор мешаванд. Аммо ба кадом забон ба Барзу мефаҳмонӣ, ки ӯ ин қадар одам кушт… Дидаю рӯ надорад, чи ба вай гап занӣ, чи ба дару девор… Имрӯз дар намози аср ба эшони Саидҷалолхон Сӯфигадо аз рӯи дилсӯзӣ гуфт:
– Ҳазрат, кори нохуб кардед.
– Чӣ кори нохуб, Сӯфигадо?
– Ба ҳукуматиҳо нон додед, зиёфат кардед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё