Ишқи сархӯр

Сархӯр гӯянд, гуфтан гиранд, ба дилашон, даҳони мардуму дашти Худо, файзи ин номро дидам. Баъзан туро Исфандиёр гуфта гардам, авзоат беҷо, касалманд, корҳоят нопешрав мешаванд, файзу баракати хона мепарад, одамон як коса авқоти меовардагиашона дигар намебиёранд, мурғом аз тухм мемонанд. Бовар кун, бачам, ҳамин хел мешавад, таҷриба кардам. Мон, туро Сархӯр гӯянд.
Вале, Исфандиёр ҳамеша дар фикре, ки чаро номаш Сархӯр шуда? Аз кӣ пурсад? Муаллимонаш ба хотир омаданд, на, наметавонад назди ягон нафари онҳо рози дил кушояд, шарм медорад. Як ҳамсояашон одами нағз, бобои Ӯзбакхоҷа, пиру кампир, фарзандҳояшон дур, ба онҳо дастрасоӣ мекунад, хизматашонро ба ҷо меорад, аз ҳавзи масҷид хонаашон об мекашонад, барои говашон дарза-дарза алаф мебарад, ба ҷояшон навбати пода меравад, дуои пиру кампирро мегирад.
Боре ба хонаи бобои Ӯзбакхоҷа як мошин ҳезуму як ароба коҳ оварда, дар паси дарвозаашон рехтанд.
– Бачам, Исфандиёр, камтар ёрӣ мерасонӣ? – Бобои Ӯзбакхоҷа аввалин касе, ки номи ӯро гирифт, Сархӯр нагуфт.
– Хуб шудааст, бобо, – ӯ аз роҳи мактаб гашта китобу дафтарҳояшро дар хона монд ва либоси дигар пӯшида, назди бобо ҳозир шуд.
– Омадӣ, бачам?
– Омадам, бобо, мактаб намеравам, ҳамаи коҳу ҳезумҳоятонро худам медарорам, лекин аз шумо як чӣ мепурсам, рости гапро мегӯед?
– Чӣ мепурсӣ, бачам, пурс, – пирамард ҳайрон шуд.
– Ҳозир не, бобо, ҳамаи корҳоятонро, ки кардам баъд. Лекин шумо рости гапро гӯед, – боз таъкид намуд Сархӯр.
– Пурс, бачам, ҳозир пурс, кор ҳам, ки накунӣ, пурс, донам ҷавоб мегӯям, – Бобои Ӯзбакхоҷа бештар дар ҳайрат афтод, ки ин бачаи хурдакак аз ӯ чӣ мепурсида бошад.
– Не, не, бобо, гапи ман якто, лекин шумо рости гапро мегӯед, – боз такрор намуд.
Сархӯр ҳамон рӯз ҷонро аз худ нагуфта, аз пагоҳ то бегоҳ коҳу ҳезуми бобои Ӯзбакхоҷаро дар каҳдону ҳезумхонаашон ҷобаҷо кард, баъд назди ӯ, ки рӯи суфа нишаста китоб мехонд, рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё