Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Корҳоят буд шуд? Акнун дуо диҳед, мегӯӣ, бачам? – бобо сар аз болои китоб бардошт.
– Не, бобо... Шумо ба ман гӯед, ки чаро маро сархӯр мегӯянд, ин ҷо чӣ гап ҳаст? – Сархӯр арақи сару рӯяшро пок карда ба суолаш ҷавоб хост.
– Биё, дар пештарам шин, бачам, – бобои Ӯзбакхоҷа Сархӯрро ба паҳлуяш хонд. Вай бо сари хам, дастҳо пеши бар, боодобона поёнтар дар ҷои нишондодаи бобо нишаст.
Бобои Ӯзбакхоҷа аз болою поён гап андохта, баъд ба сари суоли Сархӯр гузашт. – Мепурсӣ, ки барои чӣ туро Сархӯр мегӯянд?
– Ҳа, бобо, мехоҳам фаҳмам.
– Мусибат шуд, бачам, ғаму аламе, ки ба сари ҳеҷ бандаи Худо наояд, лекин, бачам, ту гунаҳкор нестӣ, дар насибашон будааст. – Бобои Ӯзбакхоҷа оҳи бадарде кашид. – Як хонаводаи орому осуда дар як-ду рӯз баъди ба дунё омадани ту чул-
1 марг4F шуд, бовар кун, ҳоло ҳам ҷони ин очаи ту аз санг будааст, ки ба ҳамааш тоб овард, боз зиндагӣ гуфту бачам гуфта, ба по рост гаштааст. – Бобо боз оҳ кашид. – Соли раҳматии Маҳраму Санам ба ҷое расидаю писар надоштанд. Дар бору бисоташон ду духтар – дугоник Фотимаю Зуҳро. Дар айни соли рафта, дар қади Санам кӯдак мешавад, зану шавҳар хурсанд, ки фарзанд меёбанд, писардор мешаванд. Тифл ба дунё омад, писар. – Ҳикояташро ба ин ҷо расонда бобо рӯ ба Сархӯр овард: – Он тифл ту будӣ, бачам, ту, – гуфт.
Лекин ба ақидаи бобои Ӯзбакхоҷа нағз нашуда будааст.
Бобо надониста, ки падари Сархӯр шодимарг шуда ё аҷалаш расида. Чӣ шуда, нашуда, ки падари Сархӯр як одами бедард, бекасал сар ба болин мемонаду мемирад. Дар хона ғирев, оҳу нола. Аз рӯзи дафни Маҳрам – падари Сархӯр як-ду рӯз нагузашта, сиёҳӣ дур нашуда, Санами аз ғами шавҳари ба ҷон баробар ба худ наомада, боз ғам, алами гӯшношуниде, – мурдаи ду духтари қадрасаш Фотимаю Зуҳроро аз дарвоза дароварда-

1 Сухтан, барҳам хурдан анд, ки ба садамаи автомобилӣ дучор гашта будаанд.

пешина
аз 234
навбатӣ