Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар ин се-чор рӯзи гирудори мурдадорию мурдагӯркунӣ Санами синачоку аз олам бехабар, надониста, ки тифли навзодаш дар куҷо. Баъзе занҳои ҳамсоя, гоҳе аз ҳоли тифл бохабарӣ мекардаанд. Вале назарашон ба ӯ сард. Кӯдаке шуда ӯ, ки баъди таваллудаш ин қадар бесарусомонӣ, саргардонӣ, мотам. Ӯ бепою қадам, сархӯр, ҳатто як-ду зан ӯро ба даст гирифтан нахостаанд, ҳазар кардаанд, гӯё вай бехосият будааст.
– Ана, барои ҳамин, – бобои Ӯзбакхоҷа дар охири ҳикоят боз рӯ ба Сархӯр оварда такрор намуд: – Ана, барои ҳамин бачам, туро сархӯр гуфтанд ва баъд ҷои номи Исфандиёр, номат Сархӯр шуд, ҳамин ном ба ту шишт.
Баъди ҳикояти бобои Ӯзбакхоҷаро шунидан ба Сархӯр ном гирифтанаш Исфандиёр тан дод.
Вай чашм кушодаю модари ғамзадаро дида. Ғами ӯро мехӯрд. Давраи мактабхониаш расидаю барои таъмини зиндагии модар медавид. Аз рӯзи ногузаро чӣ заҳматҳое намекашид. Ҳамсояҳо чи коре мефармуданд, ба по не, бо сар медавид. Мошин-мошин коҳу алафи аз саҳроҳо овардаи онҳоро аз кӯча ба коҳдону болохонаҳояшон мекашонд, ҳезум мешикаст, шоху шаппаҳои дарахтонашонро дарза мебаст, хоку хокистар мепартофт, ҳавлӣ мерӯфт. Ҳамааш аз баҳри як лаб нон, ё як пайса – ним пайсае, ки аз дар медаровард, ба модар медод. Баҳри ризои модар аз ҳеҷ роҳ, аз ҳеҷ хавфу хатар рӯ наметофт, ба обу оташ ҳам худро меафканд, аз ҷар паридан лозим ояд, мепарид. Дар ҳамин рӯҳия тарбият меёфт, рӯзу рӯзгори хонаро уҳда мекард, нону намакашон муҳайё, камоие не, муҳтоҷи дари хонаи касе набуданд.
Дар синфи панҷум ё шашум мехонд. Гову гӯсолаи бобои Назар дар сари қуллаи яктораи кӯҳ дармонд. Чӣ тавр, бо чӣ роҳ гов бо гӯсолааш он ҷо баромада, ба ақл рост намеомад, дар тасаввур ҳам намеғунҷид. Одамон ба гов, ба қуллаи баланд назар дӯхта, байни худ чиҳое намегуфтанд, аз ҳайрат даст дар гиребон ба хонаҳояшон бармегаштанд. Гов мемонду кӯҳи бадвоҳима, ҳаволааш ба Худо, гоҳ-гоҳе баос мезад, мадад мехост.
Сархӯр ҳам ҳамроҳи одамон. Дар танаш ҷомачаи кӯҳнаи беқасаби рангпарида, дар миёнаш камарбанд.

пешина
аз 234
навбатӣ