Ишқи сархӯр

Барои ин Лутфия аз модар норозӣ. Дили модар ба вай месӯзад, ӯ намефаҳмад, ки Фахрӣ боз бо чанд духтари дигар созомадӣ дорад, дум-думи онҳо мегардад. Ба духтари талбидаю харидаи вазир Мӯнисаи нозукандом-ку аз чиллаю чормоҳагиаш ошиқ. Лутфия намебинад, ҳар гоҳ Фахрӣ ба хонаи онҳо биояд, Мӯниса дар паси дару деворҳои онҳо. Баъде ки Лутфия Фахриро то паси дарвоза гуселонд, Мӯниса ӯро соҳиб, онҳо боз бо ҳам.
Ҳафтаи гузашта модар дар оғил гов меҷӯшид, гов шир намедод, ором намеистод. Ҳушаш ба гову хурмаи шири дасташ буд, ки ба гӯшаш овози Лутфия расид аз паси девор. Хурмаи ширро болои тахта монда, нӯки по баланд шуд, аз мӯрӣ ба паси оғил назар андохт. Дар таги дарахти зардолу Лутфияю Фахрӣ гап-гап доштанд. Осмон нимколаабр, ҷо-ҷо ситора.
Ситораҳо гӯё ба сӯи Лутфияю модар чашмак мезаданд. Ба назар ӯ парешон, ҳолаш раҳмовар. Аз ҷониби дарёчаи паси хонаашон боди сард мевазид, боди нофорам.
–Фахрӣ, ту гапи маро мешунавӣ?
–Мешунавам, Лутфия, гап зан.
–Қавлу қасамамон дар хотират ҳаст? Гуфта будӣ, ки ба ту бовар кунам, маро миёни роҳ намекунӣ, боз гуфта будӣ, ки моро марг ҳам ҷудо карда наметавонад, лозим ояд бо ҳам мемирем, бо ҳам ба гӯр меравем, ҷудо намешавем. Ҳамин тавр гуфта будӣ ё не?
–Гуфта будам, лекин намешудааст.
–Намешудааст мегӯйӣ?
–Ҳа, илоҷ намонд, сарамро ба сангҳо задам, китоб-китоб ариза навиштам ба номи раиси маҳалла, раиси ҷамоа, ба ҳукумат, вале ҳама гуфтанд, ки никоҳи хешу табор номумкин, қонун манъ кардааст.
–Нобуди қонун, ин қонун ҳам ману туро ёфт, пеш ин хел набуд-ку. Ҳамааш ба бахти сиёҳи ману ту.
–Боз хунамон ҳам як хел. Лаънат ба ҳамин хешӣ, ки сари ману туро мехӯрад.
–Мон сари ману туро хӯрад, аммо аз ҳам ҷудо нашавем. Бе ту ман зинда будан намехоҳам. Лекин ба ҳадде, ки ман туро дӯст медорам, ту маро дӯст намедорӣ, – Лутфия гила кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё