Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фахрӣ хомӯш, тасаллои дили ӯ ҳарфе нагуфт. Лутфия давом дод: – Медонам, Фахрӣ, дили ту пур, Мӯниса дорӣ, ман киро дорам? Ман куҷо равам? Бесоҳиб мемонам, войи ману войи ман.
–Ту ҳам обод мешавӣ, духтари хушрӯйӣ, кадом духтари хушрӯй дар роҳ мондааст, аз ман хушрӯйтар меёбӣ.
–Ту хушрӯй нестӣ, – қаҳри Лутфия омада буд, – лекин ман туро ба ҳазор хушрӯйи олам намедиҳам. Ба ман бою бадавлат ҳам лозим не, ба ман танҳо ту даркорӣ, ту – Фахрӣ, бе ту наметавонам, қасам хӯрда будем таги чинори пушти мактаб, аз ёдат рафт? Шаб буд. – Лутфия он шабро ба хотири Фахрӣ овард. – Аммо мисли имшаб шаби сиёҳ набуд. Осмон софу беғубор, моҳ рух менамуд, ситораҳо ҳам бо мо шод буданд, мавҷак мезаданд, механдиданд, қасам хӯрда, даст дода, аҳду паймон баста будем, ки аз ҳам ҷудо намешавем. Садои шилдирроси оби ҷӯи таги чинор баланд мешуд, боди рӯҳбахш мевазид, баргҳои чинори азим баҳам хӯрда, гӯё ба хурсандии мо чапак мезаданд. Он шаб шаби шодию хурсандӣ буд, дастонамро мебӯсидӣ, мӯйҳоямро мешамидӣ, дар ихтиёрат будам.
Биё боз ҳамон шабро ба ёд биёрем, боз қасам хӯрем, гӯем, ки ҳатто марг моро ҷудо карда наметавонад, гӯем, ки мирем, бо ҳам мемирем, то моро бо ҳам ба хок гузоранд. – Онҳо дасти ҳамдигарро фишурданд, даст ба дасти ҳам рӯ ба осмон такрор ба такрор мегуфтанд:
–Аз ҳамдигар ҷудо намешавем. – Дар лабони Лутфия ханда омад. Бале, он шаб ҳарду бо як овоз, бо дили пур аз меҳру муҳаббат ҳамин суханонро ба забон оварда буданд. Ҳоло ҳам бо хоҳиши Лутфияю Фахрӣ бо дили хоҳам ё нохоҳам буд, ки «Аз ҳамдигар ҷудо намешавем», гуфт.
Дили модари Лутфия андаке сабукӣ ёфта, даричаи мӯрии оғилро пӯшид, хурмаи ширро аз ҷояш гирифт.
Амалҳои нохуш баъди ана ҳамон шаб, шаби қасам хӯрдани Лутфияу Фахрӣ, ки худи модар шунида буд, сар заданд. Шабе, ки ба дидаи Лутфия хоб намеомад, даруни ҷойгаҳ меҷунбид, паҳлу мегашт. Баҳри онҳо роҳи дигар намонда.
Ишқ гуфтанд, муҳаббат гуфтанд, акнун чӣ? Онҳо номурод, издивоҷашон номумкин, зану шавҳар шуда наметавонанд, модар намегузорад, қонун никоҳи хешу таборро манъ карда.

пешина
аз 234
навбатӣ