Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ака, – нидое шунид ӯ, овози шинос. Ба ақиб нигарист Содирхон, Содирхоне, ки баъди марги Малика аз Русия баргашта дар қасди ҷони Барзу буд. Ба ӯ хундор, кайҳо боз либоси мисли либосҳои силоҳбадастони ӯ дар бар, автомат дар китф аз паяш мегашт. Вай пас-паси махсуми Ҷонмаҳмад аз дари толор худро ба дарун кашид. Қиёмате ин ҷо қоим. Кӣ киро мепарронд, намедонист. Тирҳо ба сақфу саҳнаи толор мерехтанд. Ҷигарбандони махсуми Ҷонмаҳмад ҳадаф меҷустанд. Аммо ӯ нопайдо. Барзу паси сутуни саҳна рӯ ба фарш хобида сар намебардошт. Ба назари Содирхон афтид ӯ.
Тана ба танаи девор рафт, наздик шуд ва мили автоматро ба сараш гузошт.
– Ман Содирхон! – овози шиносро шунид Барзу.
– Содирхон!!
– Ҳа, гуфта будам, вомехӯрем.
– Ту маро аз марг халос карда будӣ, боз халос кун, хешу таборем.
– Маликаро куштӣ, падарашро куштӣ, модарам аз дасти ту кушта шуд. Рӯзи ҳисобии ман бо ту омад. Мекушам, худам туро мекушам! Худам!! – Содирхон дастони Барзуро ба пушт тоб дод, силоҳашро гирифт, ҷунбидан намонд. Ҳамаи ин амал дар чанд лаҳза ба вуқӯъ омад. Дар лаҳзаҳое, ки махсуми Ҷонмаҳмад болои саҳна омада рӯ ба толор меистод. Ҳама хомӯш шуда. Гӯё алангаи оташе, ки дар толор сар зада буд, чун шамъе бо як пуфи ӯ хомӯш гашта. Ҳамин гуна ӯро дар миёни силоҳдорон як обрӯ ва эҳтироме. Аз фармони Барзу баъзеҳо сар мепечиданду аз гапи вай намебаромаданд. Мепарастидандаш. Ҳоло назарҳо ба ӯ, нигоҳи падар ба ҷасади ҷигарбанд, ки болои курсиҳо хобондаанд. Фарзанде, ки падар гуфта, дар ҳимояти ӯ ҷон дода. Ӯро Барзу парронда, сад доғ ба дили махсуми Ҷонмаҳмад нишонда. Ӯ сар боло кард, бо дидагони ашкбор гуфт:
– Худованд дангал катӣ намезанад. Худоро одам ба ақл шинохта. Лаҳзае пеш ин одам чӣ гуфту чӣ рӯзе ба сараш омад ва чӣ қиёмате гардон гашт, аз касофатии ӯ, аз касофатӣ… – дигар гап зада натавонист.
Содирхон ва бародарони Зиёдуллои шаҳид Барзуро, ки дастонашро ба пушт баста буданд, пешандоз карда аз толор бароварданд.
Дар саҳни мактаб муаллимон, Хидиралӣ ҳам он ҷо. Бо махсуми Ҷонмаҳмад ва фарзандону наздикони вай ҳамроҳ шуда ӯ нола дошт бо онҳо. Ва нигоҳаш ба Барзу ҳам шуда, ба ҳолаш механдид.
Барзу ӯро медид, нолаашро мешунид. Лаҳзаҳои дилгиркунанда, лаҳзаҳое, ки рӯз ба мисли умри ӯ ба анҷом омада, соя афтода, офтоб ба паси қуллаи кӯҳ, қуллаи кафанпеч хамида.
Қуллаи барои Барзу ошно, ҳамин ҳангом Мустафоро парронд.
Ҳоло ҳамин рӯз дар ҳамон маврид ба сари худаш омада, ҳамон бел ба назараш мехӯрд, ки Мустафо мегуфт: «Бо ҳамин бел худат барои худат гӯр меканӣ. Аз хотир набарор, ҳамин хел мешавад». Белро худаш ба танаи санг рост монда буд.
Содирхон ва фарзандони махсуми Ҷонмаҳмад Барзуро ба Дараи Марг мебурданд…

пешина
аз 234