Ишқи сархӯр

Аҷали шумо дар ихтиёри ман ва баъд дар ихтиёри Худо!
Аҷали ту ҳам, махсум, дар дасти худам! Наметарсам, сабру таҳаммул бароям бас, бардоштам намонд. Ту кистӣ, ки ба ту гӯш диҳам, гапатро гирам? Худи ту агар аз гапам бароӣ, қасам нахӯрӣ, аҷалат дар дасти худам мешавад.
– Мардум, – аз қаҳру ғазаб, оташинӣ чӣ гуна ба аҳли толор муроҷиат карданашро намедонист, гоҳе ҳозиринро «мардум», гоҳе «бачаҳо!» гуфта боз мегуфт махсуми Ҷонмаҳмад:
– Бародарҳо, хешон, фарзандон, бовар кунед ба ман, гӯш диҳед, ки чӣ мегӯям, аз мусулмонӣ, аз гӯру қиёмат, аз дину шариат, огоҳам, кам нахондаам, дар роҳи Худою Расул устуворам. Гӯш диҳед, ки чӣ мегӯям. Мову шумо худро муҷоҳид меҳисобем, ҳимоятгари дину шариат мегӯем, қумандони мо чӣ гуфт? Шунидед-а? Худро Худо хонд. Тавба, сад тавба. Шумоҳо ҳам даст ба гиребон баред, тавба кунед, наузанбиллоҳ гӯед. Барзу кофир шуд. Ман дигар рӯи ин одамро дидан намехоҳам. Агар, бародарони азиз, – боз ба кулли ҳозирин муроҷиат кард махсуми Ҷонмаҳмад: – Агар аз Худо натарсед, баъди аз Худованд рӯ гардонданаш ҳам бо ин одам ҳамроҳ мондан хоҳед, ихтиёр шумоҳоро, лекин ман меравам, ман аз Худо намонам. Мегӯям, ман аз Худо метарсам! – махсуми Ҷонмаҳмад автоматаш дар даст рӯ ба дари толор қадам монд.
Назари оташбори Барзу сӯи Шарифи Ҷарпар рафт. Ӯ аз ҷой бархост, бархосту даст ба автомат бурд.
– Бале, фаҳмидӣ, – Барзу калла ҷунбонда ишора ба дар кард, ки махсуми Ҷонмаҳмад берун шуда буд.
– Паронам?
– Ҳа, албатта.
– Итоат, – Шарифи Ҷарпар саросема дарро кушоданӣ буд, ки аз миёни фарзандони махсуми Ҷонмаҳмад, онҳо се нафар паҳлуи ҳам менишастанд, писари хурдӣ – Зиёдулло силоҳашро бардошт. Садои пайиҳами тир, боз ва боз. Зиёдулло Шарифи Ҷарпар ва Барзу Зиёдуллоро парронд. Дар ду тараф ду мурда, мурдаи Шарифи Ҷарпар дар рӯи замин, ҷасади Зиёдулло болои дасти бародарон.
Махсуми Ҷонмаҳмад, ки ҳанӯз чанд қадам аз толор дур нарафта буд, тирпарониро шунида аз роҳ гашт. Силоҳбадасте аз пасаш меомад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо