Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Медонӣ, ки рӯзи таваллуд ба сараш чи балоҳо омада буд, рӯз надид, як ваҷаб кӯдак буду зиндагӣ ба гарданаш, сарбони модар. Нон мегуфт, об мегуфт, хӯрок мегуфт, хизматгори дари мардум, хоку хокистар мепартофт, оғил мерӯфт, бо мақсаде, ки касе як лаби нон ё як коса дами гарме диҳад, ки ӯ баҳри модар аз дар дарорад. Аз хотират баромад, ки барои гӯсолаи бобои Назар чи шӯре хезонд. Гову гӯсола дар кадом як теғаи кӯҳ монда буду одамон фароварда натавониста шаб ба хонаҳояшон баргаштанд. Аммо пагоҳӣ диданд, ки гову гӯсола пеш-пеши Сархӯр. Кӯдак кӯҳ баромада будааст.
Лекин баъд чӣ кард? Ҳаққашро соҳиб шуд. Кушед, хуну пӯстамро гиред, гӯсоларо намедиҳам гуфт, ғазо андохт. Ҳоло аз ҳамон гӯсола хонаи Сархӯр пури гову мол. Барои ҳамин ҳам мегӯям, ки ҳеҷ касро, занак, ба Сархӯр баробар накун, вай миллашах, устухонаш дар сахтиҳо сахт шудааст.
– Садқааш шавам, дар пеши пояш бимирам, донаҳои баракат ба сараш резад, хока гирад, зар гардад. Агар Сархӯр намебуд, аз духтарам мемондам, мемурдам, худамро мекуштам.
– Лекин занак, ту ҳазор гӯӣ ҳам, гапи ман якта, Фурқат Нигораро дӯст медорад, се сол мегузарад, ҳоли ҳам вай думдуми Нигора. Дар хонаашон ҷанг, духтари холааш ё духтари мулло Абдурасули куҳдарагиро, ки овозаи хушрӯгияш дар олам, намегирам мегӯяд, «Нигораро мегирам», гуфта рӯзи падару модарашро сиёҳ кардааст. Дар вақташ инҳо аз ҳамдигар ҷудо набуданд, гулу булбул буданд. Ба ишқу ҳаваси инҳо зомин шудӣ. Аз рӯзи «Нигораро ба Сархӯр бахшидам» гуфтанат авзои духтарамон ҳам тағйир ёфт, бо Фурқат дигар гап намезанад. Дилаш ба Сархӯр. Лекин ҳаминро дон, ки Сархӯр ба вай наметанад, ҳамина гӯй, ки ба як рӯз «Нигора» гуфта вай аз дари мо даромадааст ё ту оча шуда аз духтарат пурсидӣ, ки Сархӯра дӯст медорад ё не?
– Пурсидам, даҳҳо бор аст, ки мепурсам.
– Чӣ мегӯяд?
– Дам намезанад, сараш хам. Вале таги дилаш маълум, ба хонаи онҳо пой тоза кардааст, кору гири очаи Сархӯрро мекунад, об мегӯяд, алов мегӯяд, гов меҷӯшад, хӯрок мепазад, либосҳои Сархӯрро мешӯяд. Сархӯр ҳам Нигораро аз бачаҳо ҳимоят мекунад.

пешина
аз 234
навбатӣ