Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар рӯи хона чинор барин як духтар беҳушу беёд хоб. Як гапу кор шавад, ба мурдаи ӯ чӣ ҷавоб мегӯянд? Ному нишонашро намедонанд. Оҳ вое, чӣ рӯзе, чӣ балое! Бо азоб сӯзанакҳоро аз мӯйи духтар ҷудо карда, тоқиро аз сараш гирифт. Куртаи сони сафеди дарозу васеи худашро ба вай пӯшонд. Саргираки оҳарии обнарасидаашро ба сари ӯ бастан хост. Вале дид, ки аз сараш хун мешорад, ҷо-ҷои сараш кафида будааст. Дону нодон ба табобати духтар пардохт, як калла қанди сафедро кӯфта майда карда, ба ҷойҳои хун пошид, латтаю пашм сӯхт. Сандуқчаашро кушода аз даруни гиреҳу гиреҳбачаҳо сиру нил, буғма, даҳонифаранг, ҳазориспанду ким-чӣ хел нохуну торҳои риши азизу бузургонро ёфт. Сир хоида, буғма хоида ба таги дандони духтар монд, дар бехи биниаш ҳазориспанду пари кадом парандаро дуд андохт. «Эму демат ҳамин» гуфта, ба сараш тешаю табар, ухлоқ бардошт, «дасти ман не, дасти фалону бисмадон, қушночу бахшиҳо», – гуфта, дегдон фаровард, «эму дем» гуфта, гирди сараш алов гардонд, дар чор бурҷи хона нукча зад, ҳар кори аз дасташ меомадаро ба ҷо овард. Дар рӯи духтар хун омад, ба ҷунбуҷӯл даромад, баланд-баланд нолиш мекард.
– Нағз шуда истодааст, ба ҳуш меояд. – Сархӯр хурсанд буд.
Кампири Санам даст ба мӯю рӯи духтар бурда, модарвор меҳрубониаш мекард, ба ҳолаш мегирист ва боз мегуфт:
1 «Беақлӣ кардӣ, ҷони бибӣ. Чӣ ҷавр аз ҷавсунат11F гузашт, ки ин кора кардӣ, беақлӣ-да, одам пудинаи лаби об нест, ки боз сабз шавад, ҳайф шудӣ, ҷони бибӣ, ҳайф».
Духтар ба ҳуш омад, паҳлу гашт, сӯзиши дардро ҳис кард, ки бехудона «оча, вой, очаҷон!» гӯён чашм кушод. Барои Сархӯру модараш гӯё дунё насиб гашта, ҳарду аз ҷой рост шуданд.
– Чӣ хуше, оча, шодиёна! – Сархӯр чапак зад, чароғҳои барқии хона, ки то ҳол хомӯш буданд, фурӯзон гаштанд.
Хона равшан, дидагони бози духтар ба атроф, ба кампир.

  1. Ин ҷо ба маънии устухон Кулбаи фақирона, бомаш пастакак, деворҳо каҷу килеб, дар поёни хона як сандуқи чӯбину сандуқча, болои онҳо чанд курпаро тал чидаанд, дар фарши хона гилеми пашмини порча-порча сафеду сиёҳ, як тиреза ҳам дошта хона, он дар наздикии дари даромад.
пешина
аз 234
навбатӣ