Ишқи сархӯр

На, вай ба ваъда вафо мекунад, зинда монда наметавонад, тобути Лутфияро ҳам ба гӯристон мебаранд, имрӯз ё пагоҳ. Мегӯяд, ки ӯро дар паҳлуи гӯри Фахрӣ ба хок гузоранд. Ду гӯри нав, афсона мешаванд. Вафодориро аз онҳо омӯзанд. Лекин мисли Фахрию Лутфия номурод нашаванд.
– Исфандиёр, – бо овози гирифта, хастаҳолона номи Сархӯрро ба забон овард Лутфия.
– Лаббай, – ба ҳоли Лутфия раҳми ҷавон омад: – Чӣ мегӯӣ, ҷони ширин?
– Ҷони ширин нагӯй, дар беҳушиам ба рухсораҳоям даст расондӣ, мӯйҳоямро ғоз медодӣ, ҳис мекардам, мешунидам, ки «ин қадар ту зебо, Худо туро ба ман додааст», мегуфтӣ, маро бӯсидӣ, ҷунбида наметавонистам, нафратам меояд ба ту, муносиби худатро ёб, – хомӯш шуд лаҳзае ва баъд ба чашмони Сархӯр нигариста афзуд: – Аз ту як хоҳиш, ба ман ёрдам расон, раҳмат мегӯям.
– Чӣ кор кунам?
– Маро ба лаби ҷар бар.
– Чӣ ном дорӣ, духтарам? – модар таги гапҳои духтарро фаҳмида пурсид: – Аз куҷо мешавӣ?
– Номам, бибиҷон, Лутфия, аз Шоҳмансур, хонаамон дар пушти масҷид.
– Фаҳмидам, духтарҷон, туро пагоҳ худам ба хонаатон мебарам, тангаю тиллоҳоят қатӣ ба падару модарат месупорам.
– Бибиҷон, ман аз шумо миннатдор. Аз куҷо буданамро фаҳмидед, номамро гуфтам, хонаамон равед, тилловориҳоямро ба модарам бурда диҳед, худамро баъд ба хонаамон мебаранд, худамро мекушам. – Лутфия безобита шуд, ба шӯр омад, боз чашмонаш пӯшида гаштанд.
Дили модари Сархӯр андаке таскин ёфт, ки ному ҷою макони духтарро фаҳмид. Медонад, дидааст, ки одамони сарашон латхӯрда аввал ҳеҷ чи намефаҳманд, ҳушашон баҷо, сипсиҳат метобанд, лекин ба ногоҳ мебинӣ, ки афтоданду ба ҳоли худ шудаанд. Худо нишон надиҳад, ки ин духтар дар рӯи кулбаи фақиронаи вай нобуд шавад, авзояш беҷо, «худамро мекушам», мегӯяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё