Ишқи сархӯр

– Аз куҷо меомадед?
– Аз Сафедоб, аз хонаи Исфандиёр.
– Аз хонаи Исфандиёри бачаи кампири Санам? – Авзои духтар беҷо шуд.
– Ҳа, модараш моро гусел карда буд.
– Рост мегӯӣ, ки Исфандиёр ғарқ шуд? – Духтар ба Лутфия бовар накарда, такроран пурсид. Ӯ ба Сархӯр кӣ мешуда, ки бо шунидани хабари ғарқ шудани вай ин қадар безобита гашт, худашро гум кард, чун ҳайкал беҳаракат, рост монду шах шуд. Бо ҳамроҳонаш хайр гуфта, рӯ ба Сангоб давид. Сархӯрро халос карданаш лозим, акнун ин вазифа навбати ӯ. Бачаи кампири Санам ҳамон ҷавоне, ки Гулнораро аз ҷӯши дарёи Кофарниҳон бароварда буд.
Гулнора ҳам аз як деҳаи қад-қади Сангоб. Ҳангоми дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ҷумҳурӣ хонданаш Моҳия бештар ба хонаи Гулнораашон меомад. Ӯ мисли дигар ҳамкурсон набуд, ки вақти ангурпаз «ангурхӯрӣ меравем», гуфта меҳмон мешуданд. Вай шефтаи ҳунари рассомӣ, манзараҳои зеборо дӯст медошт. Меҳмони онҳо, ки мешуд, болои деҳа, ба тамошои чинорҳои қатори чандинҳазорсола мешитофт. Болотари майдони чинорҳо як сада, ҳушу хаёли Моҳияро бурда буд. Калону боҳашамат, сершоху барг, мисли хиргоҳе болои теппаро пӯшонда, бисёрсола, садсолаҳо боз мавҷуд буда,
1 мардум онро азизон14F ҳам меҳисобиданд. Ҳар кас бо ҳар орзую умеде ба шохаҳои садаи азим лата ё ришта мепечонд.
Шоху баргҳои он аз латаю пута бор оварда. Садҳо маротиба Моҳия садаро аксбардорӣ карда, ба ҳар ранге расм кашида.
Аммо Моҳия ҳамон бегоҳирӯзии ба хонаи Гулнораашон омадан ба тамошои чинорҳо ва сада нарафт. Ӯ як хоҳиш дошт:
Гулнора хоҳад нахоҳад пагоҳии бармаҳал, офтоб набаромада бо ҳам ба деҳаи Ромит мераванд. Ҳавасаш ба тамошои дарёи Кофарниҳон, онро надидааст, васфашро шунидааст.
Рӯз офтобӣ буд. Лаби дарё серодам. Онҳо дар соҳили дарё гилему палоспораҳо густурда дароз мекашиданд. Дугонаҳо лаби дарё рафтанд. Дар дили Моҳия ҳаваси аксбардорӣ, ба як
1 Ба маънои зиёратгох санги кабуди теғадори лаби дарё мафтун шуда ӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё