Ишқи сархӯр

Якеи ин навдаҳо, ба ақидаи Сархӯр, ҷондастгири ӯ. Аз тарси ҷон ба он чунон часпидааст, ки дар назар нонамоён гаштааст. Як нақше барин, нақши танаи навда, навда боқувват, ғафс, аз миёнаш ҳам ғафстар. Вале он ба шасти об тоб наоварда, хам хӯрда қарибе мешикаст, об аз зонуҳои Сархӯр боло шуд, ба дилаш бештар ваҳм афтод, тамом, маргаш яқин, ба коми селоб меравад, андаке аз селоб поёнтар дарёи Кофарниҳон, селоб ба он меомезад, дарё девона мешавад, наърааш ба осмон, ба деҳаҳои наздик ғулғула меандозад. Як селоби деҳаҳои онҳо не, қад-қади Кофарниҳон садҳо сангоб, оброҳа, аз кӯҳу пуштаҳо мешоранд, дарё туғён мегирад, маст мешавад, мисли ҳайвони ваҳшии азбандраҳида сар ба соҳил мезанад, дунёро зерузабар кардан мехоҳад, пеши роҳашро кӯҳу пуштаҳо гирифта наметавонанду як дарахти чинор, ки ҷони Сархӯр сари як навдаи он овезон аст, барои Кофарниҳони пуршарушӯр чӣ? Чинор бо кундаю реша, шоху навдаҳояш дар талотуми он гум мешавад. Сархӯр бошад як зарра, беному нишон мегардаду меравад. Вай дар ин дунёи зебо, биҳиштосо чанд рӯзе буд ё набуд. Намепурсанд, ки Сархӯр куҷо буду куҷо шуд.
Фақат як чӣ, ки вақте чинор решагардон шуду Сархӯр дар даруни сел монд, талвоса кард, талвоса ба ҷониби Лутфия.
«Меоям, Лутфия, меоям, меоям!» Ба хаёлаш дар ҷавоб садое шунид, дараро пур кард, садои селро пахш намуд, «Интизор мешавам, Исфандиёр, интизор мешавам, интизор!!» ин садо аз дилу ҷон, аз забони Лутфия баромад ё ҳамин хел барои як хизматаш, ки духтарро аз селоб баровард. Чӣ бошад набошад, як умеде ба дунё, ки дар баробари модараш касе ӯро интизор, як духтар, паризод, дилаш ба вай кашол. Қиссаи шиносоиашон дардовар.
Хаёли Сархӯр боз ба модар. Сӯзандааш ҳамин модар, ҷабр ба ҷони вай. Сархӯрро меҷӯяд, куҷо шуда фарзандаш? Ҳамроҳи он духтар аз дарвоза баромада буд, номаш чӣ буд? Ҳа, Лутфия, хоҳарзодаи бобои Ӯзбакхоҷа, эшонро ба ҳолаш намемонад, гиребонашро мегирад. Лутфияро меёбад. Баъд чӣ? Баъд хабари нохуш: Сархӯрро сел бурдааст. Баъд ба сари модари бетақдиру рӯзнодида кӯҳи ғам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё