Ишқи сархӯр

– Бачам, ту хурд будӣ, он рӯзи сахтро раҳматии модарат медонад, – бобои Абдураҳим бо меҳрубонӣ ба ӯ мефаҳмонд, ки падари вай бисёр рӯи ҷо хобида будааст. Солҳои
1 таҳширӣ15F, аҳли хонадони онҳо аз ҳама камбағалтар, нодор, муҳтоҷ будаанд. Рӯзи мурда касе набуд, ки болои сари мӯйсафед Оллоҳ гӯяд, манаҳашро бандад. Модари Давлатмурод тарсида, дарро ба рӯи мурда баста, тарафи масҷид давидааст.
2 Баъд дар ҳавлии мурдадор одам ғарамидааст.16F Таомул буда, ки шаб майитро танҳо нагузоранд. Аз наздикони мӯйсафед касе розӣ нашудааст, ки дар хона, дар назди мурда хобад.
Мурдаро сиёҳӣ мегуфтанд. Додараш метарсидааст, мурдашӯиро ҳам ҷигарбандон ба гардан нагирифта, ҳазар карданд. Баъд мурдаи падари Давлатмуродро кӣ соҳибӣ кардааст? Халқ ва боз халқ. Худо одамро дар пеши пои қаъму ҷамъ кушад. Падари Давлатмуродро мардуми деҳа соҳиб шудаанд.
Мурда дар хонааш шаб танҳо намондааст, мурдашӯю кафанпечон, қабркану тобутбиёр ва тобутбардор, дар даруни қабр ӯро мемондагӣ ҳам халқ. Ҷанозаи боҷамоа карданд, хатми Қуръон фармудаанд, ин ҳамаро кӣ анҷом дода? Халқ анҷом дода. Модари Давлатмурод, хешони бемеҳри мӯйсафед нафаҳмиданд, ки ӯ чи тавр гӯру чӯб шуд, хароҷоти бисёрро кӣ ба гардан гирифт? Баръакс баъди баҷо овардани ҳамаи таомулҳои мурдадорию мурдагӯркунӣ раиси маҳалла раҳматии муаллим Нуриддини Насриддин ба дасти модари Давлатмурод боз як бандча пул оварда додааст. Қариб як моҳ мардум модари Давлатмуроду фарзандонашро танҳо намондаанд.
Кампирҳо бо навбат ҳамроҳхобравашон, бегоҳиҳо боз нону таом меоварданд.
Ҳамаи ин гапҳо – мисолҳои чӣ гуна мурдаи падари нодор ва раҳмондаи Давлатмурода соҳибӣ кардани халқро бобои Абдураҳим аз нав ба ёд оварду ин бор бо мулоиматӣ пурсид:
– Давлатмуроди ҷон, фаҳмидӣ, ки ман чӣ гуфтам?
– Фаҳмидам.
– Мурдаи ману туро кӣ соҳиб мешудааст?
- Гуруснагӣ
- Ба маънии одами зиёд – Халқ, аҳли деҳа.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё