Ишқи сархӯр

– Ҳамин тавр, ки бошад, – овози бобои Абдураҳим боз баланд шуд, – медонӣ назди ту ман барои чӣ омадам? Инҳо говҳои кӣ? – вай чанд говеро, ки пеш-пеш карда оварда буд, ба Давлатмурод нишон дод – Говҳои худат-а?
– Ҳа.
– Барои чӣ ба навбати пода набаромадӣ? Бо айби ту имрӯз
1 пода дар деҳа монд, ҳамсояҳо ба ту нақиз17F карда мегӯянд, ки то Давлатмурод навбатро нагузаронад, мо ба навбат намебароем. Молҳоятро ҳай карда овардам, дарвозаатро кушо. Барои аҳли деҳа фарқ надорад, ки шумо кӣ ҳастеду кӣ нестед, ҳазор муштамзӯр, ҳокиму дунёдор, ман мегуфтагӣ ҳам ки бошед, дар деҳа зиҳед, аз райъи аҳли деҳа берун шуда наметавонед, гову мол, ки дошта бошед, ба навбати пода мебароед, – бобои Абдураҳим боз, ҳақ мегӯям, – гуфта ғӯри дилашро кафонда, ба роҳаш равон шуд.
Гулрез дар хона бетоқатона чашм ба роҳи Давлатмурод буд. Дар хаёле, ки раиси маҳалла ба ӯ чӣ мегуфта бошад ва чаро говҳояшонро аз пода гардонда ба хона овардааст.
– Аз ту мепурсам, мардак, чува ин Абдураҳими хонасӯхта говҳоямонро аз пода ҷудо карда, ба хона овард?
– Намедонӣ барои чӣ? Подабонӣ кун мегӯяд, ба навбати пода баро мегӯяд, мегӯяд, ки мардум ғулом нестанд, ки ба ҷои ту молҳоятро бонӣ кунанд, ба навбати пода бароянд. Рост мегӯяд, гапшунав шудам. Ҳазор бор мегӯям, биё ҳамаашро бозор барем, фурӯшем, не мегӯӣ, дигар наметавонам, бардошти гап надорам, ҳамаашро мефурӯшам.
– Аз як чика шир мемонем, гӯй. Ҳар саҳар коса-коса шира кӣ мехӯрад?
– Дигар шир намехӯрам.
– Ту шир нахӯрӣ садқаи сар, лекин бо набераҳоям чӣ мекунам, ба кадом дар ширталбӣ меравам?
1 Нақиз – ба маънои таҳсуб – Набераҳоят падар доранд, гов харанд, агар зӯрашон нарасад, навбати пода раванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё