Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Офтоб рангрезӣ дорад, нурҳои заросояш ба ҳама ҷо паҳну парешон. Подабонҳо Санаму Маҳрам пас аз даводави зиёд аз паси бузу гӯсфандон, ҷавонаҳою говҳои ноомӯхт, ки худро ба гандумзорон мезаданд, хастаю монда шуда, дар баландӣ, рӯи тахтасанге паҳлуи ҳам нишастаанд. Назар дӯхтанд ба дуриҳо, ба офтоб, ба сабзазорон. Аз подаи онҳо дуртар, дар теппаи рӯбарӯ боз як подаи гову мол, подаи деҳаи худашон. Аҳли деҳа ҳар рӯз бо навбат, якнафарӣ аз ду хонавода ба подабонӣ мебароянд. Подабон ёфтан мушкил. Мардум сер, муҳтоҷ не, подабониро ба гардан намегиранд. Ба амаки Асадулло ҳасад мебаранд, ки молҳояш подабон доранд. Баъзеҳо гову гӯсфандонашонро ба подаи ӯ ҳамроҳ мекунанд, пул медиҳанд, хеле молҳо пулакӣ шудаанд, еми амаки Асадулло, фоидаи ӯ.
Назари Санам ба молҳои деҳа буд, пода парешон, гову молҳо ба ҳар тараф мегурехтанд. Подабонҳо уҳда карда наметавонистанд. Ана, боз як гов аз пода ҷудо шуда худро ба роҳи калон зад. Баъд аз пеши роҳаш чӣ ҷонзоте баромад, ки тӯрид,
1 давур19F гирифт, тарафи ғору ҷариҳо гашт, пеши онро гардонда намешуд. Подабон – марди солманд, аз паси гов медавиду гов рӯ ба ғор. Худо нишон надиҳад, ба сӯхтан пок намешавад, товон медиҳад, гов арзон не. Ғор бетаг, аз он ҳама меҳаросанд. Гов на ҷарро медиду на ғорро. Подабон ҳам гӯё ҳеҷ ҷойро намедид, аз паси гов медавид, меафтоду мехест, боз медавид. Санам аз гов ва подабон дида намеканд. Худро ҳамроҳи подабон-марди афтодаи бечора тасаввур мекард. Он мард не, гӯё худи Санам аз паси гов буду дар пеш ғор ва боз ҷар. «Ист, эй мардаки бефаҳм, ист, аз паси гов надав, худатро эҳтиёт кун! Надав!!» Санам беихтиёр овоз бароварда аз ҷой бархост. «Маҳрам, хез! Дав! Тамом! Меафтад». – Санам ба ақиб, ба Маҳрам назар наандохта тарафи гов ва подабон давид. Сангобро чӣ тавр гузашт, чӣ гуна теппаро боло шуд, надонист. Чун ба лаби ғор омад, на гов буду на подабон.
Маҳрам ҳам асои дарози подабонӣ дар даст расида омад.
– Ба ғор афтодаанд, гов ҳам, подабон ҳам. – Маҳрам ба та-

  1. Давиданаш шиддат гирифт.
пешина
аз 234
навбатӣ