Ишқи сархӯр

– Мегӯӣ, ки домодҳои идорашини ман галстукҳо дар гардан, таёқ гирифта, ба ҷои ту навбати пода раванд, хоб мебинӣ, ҳисобатро ёб, худат навбати пода рав.
– Худам навбати пода равам? – Оташин шуд Давлатмурод,
– кадом ҳамсоли ман навбати пода меравад? Як бор пода рафтам, аз хотират баромад? Мурдама бардошта оварданд. Хайрият, дар тақдирам боз ҳамон духтари худам будааст, ки маро соҳиб шуд, ҷонашро дареғ надошт, худашро ба болоям партофт. Аз ёдат баромад, ки ман гапи туро гирифта, ба вай чӣ кардам, як ваҷаб кӯдака аз хона пеш кардам, задам. Дарбадар шуд, муҳтоҷи дари хонаи хола, порупарто, чӯҳрӣ, подабонӣ мекунад, рӯз надорад. Духтарони ту дар пешат, намемонӣ дасташонро ба оби хунук зананд, фукашон ба осмон, одама писанд намекунанд.
– Исто, ки ту Давлатмурод, ҳамаи гапота гуфта шудӣ? Ак-
1 нун гӯш кун, ки ман чӣ мегӯям. Ту вай духтари бепошнаатро18F ба духтарони ман баробар накун. Бо кадом забон ту вайро духтарам мегӯӣ, данг-дангаш дар олам. Як нарғӯл катӣ зану шӯи беникоҳ, шабу рӯз дар дашту биёбон, хаёл мекунӣ, ки ба вай дастдарозӣ накардааст, вайро сиҳат мондааст? Мардум дидаанд, рӯбарӯ қапидаанд, Санамҷонат шармандаи бозори маҳшар, нашунида бошӣ, бо ҳарду гӯшат шунав! Шарм дор!
Хоки замин шав! – Гулрез дар ҷояш алов гирифт, ба сари шавҳар хест.
– Бас кун, бева, бас! Ҷонма ба лаб овардӣ, бева, бас, бас! – Давлатмурод тоқат накарду асояшро гирифта тарафи Гулрез давид.
Подаро дар якбарагиҳои кӯҳтали Бӯрибой мечаронданд.
Нав алаф дамида, тарак, гулу гиёҳҳо, заргулак, сафедгул, сияҳгӯш. Ба димоғ бӯи алаф мезанад, аз бӯи атру гулҳо беҳ, чӣ ҳад гуворо. Аҷаб ҳусну таровате. Як гӯшаи алафзор ба до-
1 Беҷогард мани талу теппаҳо хамида.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё