Ишқи сархӯр

– Чува киноя мезанед, апа? Медонед, ки як бача дорам, яктаи талбидаю харида.
– Медонам, рост мегӯӣ, лекин барои чӣ пеши роҳша намегирӣ, намегӯӣ, ки аз паси духтарҳои мардум камтар давад, онҳоро номбад накунад. – Меҳринисо боз гапро ба сари духтари худаш овард. – Макнуна, намедонӣ, нашунидӣ, нафаҳмидӣ, ки Лутфияю Фахрӣ чӣ қасаму нома хӯрданд, чӣ фикри бад доранд.
– Намедонам.
– Агар нафаҳмидаю нашунида бошӣ, акнун фаҳм, ғаматро хӯр, онҳо моро хонадор шудан намемонанд гуфта, худашонро нобуд карданӣ, қасам хӯрданд. Имшаби дароз ман Лутфияро насиҳат кардам, аммо аз роҳаш гардонда натавонистам.
Нафаҳмида мондам, баромада рафтааст, куҷое рафта, бошад, ҳамроҳи бачаат аст. Чӣ кор мекунем, рӯямон сиёҳ мешавад.
Лутфия, воҳ Лутфияам, – Меҳринисо овоз андохт, ба нола даромад. Аммо модари Фахрӣ боз ҳамон бепарво, ба гуфтае миллааш хам нахӯрд, ки хабари нохуш шунид, оромона ба гап даромад:
– Апаҷон, як чи мегӯям, гӯш кунед.
– Чӣ мегӯӣ?
– Дидагиамро мегӯям, Фахрӣ шаб аз тӯй омад, чунон хурсанд буд, ки мондан гиред, рақс мекард, суруд мехонд, намемонд хоб равем, одами худамро мекушам мегуфтагӣ, Худо нишон надиҳад, ҳамин хел мешавад, апа? Бовар кунед, бачаи ман ин хел фикрҳои беҳуда надорад, ман вайро медонам.
Макнуна ба дили апааш умедворӣ овард, болои алангаи оҳу нолаи ӯ андаке об пошид, чанд лаҳзае ором шуд. Аммо истода-истода дили Меҳринисо боз алов гирифт: «Не, не, ҳамааш дурӯғ, духтари ӯ фикри беҳуда дошт, Макнуна намедонад».
Бо оҳу нола рӯзи ба сол баробари модари Лутфия бегоҳ шуд. Шаб омад, на аз Лутфия хабару на аз Фахрӣ. Модари сарсахти Лутфия якравӣ намуда, аз ҳамон ҷои дар рӯӣ ҳавлӣ нишастааш нахест, ба хона надаромад. Шабаш бо дидаи бедор дар хаёли духтар мегузашт. Чашмашу осмон, бо ситораҳо ҳамгап, дар ҷангу хархаша, ки Лутфияи ӯ куҷо шуда. Офтоб мебаромад, ки хабар омад Фахриро дар ким-куҷое бо як духтар дидаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё