Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба баданаш ҷони тоза омад. Ба хаёлаш, ки духтари ҳамроҳи Фахрӣ кӣ ҳам мебуда? Албатта, Лутфияи модар. Вале лаҳзае баъд модар боз ноумед шуд. Гуфтанд, ки духтари ҳамроҳи Фахрӣ Лутфия не, Мӯниса буда. Дили модар боз ба замин зад. Чӣ балое, лаҳза ба лаҳза хабари нохуш, лаҳза ба лаҳза мемурду мезист. Боз хабар, ки Фахрӣ хонаашон омадааст. Ӯро ёфта, назди модари Лутфия оварданд.
Фахрӣ ба ҳазор суолу пурсиш як ҷавоб намегуфт, намегуфт, ки Лутфияро дидааст ё надидааст. Ранги рӯяш канда сафед мешуд, боз дар рӯяш хун меомад. Ӯ чун як пайкарае, дам ба дарун, хомӯш, аз забон монда. Хомӯшиаш ҳамаро девона карда, модари Лутфияю акаи ӯ Шоҳпур девонатар. Намедонистанд, ки ба ин пайкараи сангбаста чӣ гӯянду чӣ кунанд, Шоҳпур тоб наовард, ба сари Фахрӣ хест, аз гиребонаш дошт:
«Гап зан, Лутфия канӣ? Ӯро куҷо бурдӣ? Медонӣ, канӣ вай?
Мекушам», – вайро зада-зада аз дарвоза берун баровард, байни хешованд шӯр бархост, падару модари Фахрӣ аз як тараф, модари Лутфияу Шоҳпур аз тарафи дигар. Ҳатто хоҳари хурдии Меҳринисо Гулафзо, ки дина духтарашро ба хок супурда буд, даҳонаш пури хун, дар ҷанҷол ҳамроҳ. Медонед? Дар айни ана ҳамин низоъу гиребонгириҳо марди солхӯрдае дар сар саллаю дар бар либосҳои сафед ва дар даст асо аз дарвоза даромад. Ҳама аз ҷой бархостанд.
– Алахон нашавед, ман шоҳид, ман дидам, ҳеҷ гап нашудааст, – ба гап даромад мард.
– Шумо бохабаред, гап занед, тағо, гап занед, тағо? – Суолҳои модари Лутфия беҳисоб буданд.
– Хабар дорам, – гуфт тағо. Нигоҳҳои суоломез ба ӯ баста гаштанд. Ҳама дар ҳайрат, ки эшони Ӯзбакхоҷаи тағояшон аз куҷо дониста, ки ба хоҳарзодааш Лутфия чӣ воқеа рух дода.


Лутфия дар ҷои ваъдагӣ, дар таги чинори паси девори масҷид ҳозир шуд, ба паси кундаи чинор гузашт, панаҳ бурд, то ба чашм наафтад, набинандаш. Хотираш парешон, роҳе, ки меравад ноосудагӣ, бо олам хайр гуфтан, рӯ ба тирагию торикиҳо овардан, он тарафаш чӣ мешавад, надонад. Ин чӣ рӯзе, ин рӯзро худаш наоварда, ба сараш оварданд, ҳамин тавр карданд, дигар илоҷ намонда.

пешина
аз 234
навбатӣ