Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бовар накунӣ ҳозир худашро ҷеғ мезанам, худашро мебинӣ. Дер не, ҳамин ҳозир наздат меояд, маро месӯзондӣ, ана, акнун сӯзондана аз ман мебинӣ, сӯхта-сӯхта мемурӣ. Ана, бин ман дар либосҳои арӯсӣ.
Либосҳои ӯ ҳама шилшиладор, зарбофт, зардӯзӣ буданд.
Дар пойҳо кафшҳои пошнаборик, чунон борик, ки нӯги қалам барин, аз дасташ надорӣ, дар гӯристон роҳ рафта наметавонад. Бӯи атру гулобҳои нестандарҷаҳонашро намегӯӣ. Гӯристон гӯё атролуд. Дар ҳама ҷо бӯи хуш. Либосҳои Лутфия дар назари худаш хандаовар, вақти афтодан аз ҷар ҳама дарида лаха-лаха шуда буданд. Куртаю лозимии сони сафеди барояш аз ҳад дарозу васеи модари Сархӯр дар бар рӯи гӯр менишаст, сараш урён, мӯйҳои шабгуни дарозаш аз пеши рӯ болои зонувонаш афтода. Ба гапҳои Мӯниса гоҳе бовар мекард, гоҳе не. Ин духтар ба вай кӯҳнадушман, душманоӣ аз баҳри як дӯстдошта. Дурӯғ мегӯяд, Фахрӣ мурдааст, мурдаашро аз таги ҷари Говкуш оварда будаанд, боз дурӯғи дигар ин ки Ноила ҳеҷ вақт бемор набуд, ҳамин рӯзҳо вайро дида буд. Гӯр гӯри ошиқаш аст, Лутфия бояд аҳду паймон нашиканад, бояд худро фидои сари маҳбуб намояд. Вагарна ба рӯи холааш нигоҳ карда наметавонад, Мӯниса аз душманоӣ мехоҳад Лутфияро зинда бинанд, таънасор, рӯяш сиёҳ шавад. Ҳеҷ мумкин не, ки Фахрӣ худашро аз ҷар напартофта бошад. Дурӯғи дигар, ки Мӯниса мегӯяд никоҳ шудаанд. Никоҳ дар байни як рӯз? Ҳеҷ гуна қонун ба ин роҳ намедиҳад. Орзу мешиканад, орзу мекунад.
Офтоб мебаромад. Аз паси теппаҳои баланд нурҳои он болои гӯристон меафтоданд. Паёми рӯзи нав, зиндаҳо аз паи рӯзу рӯзгузаронӣ. Ин ҷо ҳазорҳо гӯр. Хомӯшӣ, водии хомӯшон. Фақат аз тобиши офтоб баъзе мавҷудоти зинда шоҳпаракҳо – рӯҳи мурдаҳо, аз рӯи як гӯр ба гӯри дигар парвоз доранд, садои ба ҳам хӯрдани қанотакҳояшон, садоҳо, садоҳое, ки баҳри одамон ношунаво. Шояд ба ҳам салом гӯянд шоҳпаракҳо, суҳбат кунанд, шояд бинанд, ки пагоҳӣ қатӣ зиндаҳо ҷанҷолашонро ба гӯристон овардаанд.

пешина
аз 234
навбатӣ