Ишқи сархӯр

– Лутфия, ба ту мегӯям, гӯш кун, – боз овози Мӯниса баланд шуд. – Аз ту боз мепурсам, мегӯӣ, ки ҳамин гӯри Фахрӣ аст?
– Ҳа,
– Ту мегӯӣ, ки вай барои ту мурдааст?
– Ҳа, барои ман.
– Фахрӣ, оҳой Фахриҷон, – Мӯниса рӯ ба дарахти сарсабзи болои гӯр нидо кард. – Овозатро барор, гӯй, ки ту дар ҳамин ҷо, зинда, барои Лутфия намурдаӣ, – талаб намуд аз Фахрӣ.
– Ман дар ҳамин ҷо, Мӯнисаҷон, ман зинда, – Лутфия овози Фахриро шунид.
– Биё, ҷонакам, ин ҷо биё, худатро ба Лутфия нишон деҳ, ба вай гӯй, ки худат ҳастӣ, зиндаӣ, барои вай намурдаӣ.
Фахрӣ аз паси дарахт намоён шуд. Лутфия ӯро дид, вай зинда, дар танаш ҳамон шиму костюм, сараш урён, ҳамон тарзе, ки он рӯз ҳамроҳи Лутфия ба ҷари Говкуш рафта буд.
– Биё, ҷонакам, биё – Мӯниса оғӯш кушода ба пешвози Фахрӣ қадам монд.
Ҳар ду оғӯш ба оғӯш, бӯсобӯс, хандоханд. Лутфия ин ҳолро дида аз худ бехабар гашт, ақлаш коҳид. Наход баҳри масхара кардан ва куштани Лутфия ин ду нафар чунин саҳнаҳо ороста будаанду вай бехабар. Беҳуда «Фахрӣ баҳри ман мурд, маро гуфта мурд, худамро мекушам», гуфта худро хандасор карда гашта будааст. Хоки гӯри кадомеро гӯри Фахрӣ хонда ба сараш бод дод. Мӯниса беҳуда ба ҳоли ӯ қоҳқоҳ намехандидааст, нав фаҳмид.
– Фахрӣ, ту зиндаӣ, ту намурдӣ?
– Ман зинда, – боз овози ӯро шунид.
– Не, ту Фахрӣ нестӣ, бовар намекунам. Вай дар назди ман, дар назди модарам гиря мекард, вай дар пешам меафтод, вай маро ситораю моҳ, офтоб мегуфт, бе ту мемирам мегуфт, вай Мӯнисаро дар наздам ҳазорҳо дашном медод, фоҳиша мегуфт. Хаёл мекунӣ, ки ту ба Мӯниса ҳам вафо мекунӣ? Ба Соробегими набераи Солеҳамоҳ чӣ кардӣ? Овоза шуд, ба духтари бечора ҷабр, аз фотиҳа гашт, акнун барои келин шудани вай саг даҳон намезанад, маро ҳам ту бо Мӯниса куштанӣ будӣ, нав ақлам гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё