Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вале дар забони ман боз ҳамон сухани «ман аз они Фахрӣ». Ба хотират ҳаст як бор ин суханонро ман дар куҷо ба ту гуфта будам?
– Намедонам.
– Дар сарам тоҷ буд.
– Дар хотир надорам.
– Дар назди одами бисёр шарм надошта, боз туро бӯсидам.
– Намедонам.
– Рӯсиёҳ мешавӣ.
Озмуни «Зебосанами сол» дар ноҳия буд. Ҷои аввал насиби Лутфия гашт. Дар сараш тоҷи тиллоӣ. Баҳри табрики вай одамон дар навбат. Дар як тараф қатори ҷавонҳо, дар орзуе, ки дасташон ба дасти парии ҳусн бирасад. Аммо нигоҳи Лутфия аз миёни онҳо Фахрии худашро меҷуст. Ӯ дур аз одамон, дар як канор, сараш хам, аз он ки бо хости Худо як ними лабаш ба назар андаке каҷнамо ва либосҳояш ҳам кӯҳнатоб, хиҷолат мекашид, худро нороҳат ҳис мекард. Лутфия аз назди ҷавонон бо кибру ғурур, бо сари баланд гузашта, пеши Фахрӣ рафт, дасташро ба гардани ӯ андохт, шарм надошта ӯро бӯсид ва гуфт: «Фахрӣ, ман аз они худат»
– Ҳамин гапамро нашунида будӣ? – Боз пурсид Лутфия.
– Не.
– Нашунида будӣ, ки баъд як ҷавон ба ту хандида чӣ гуфт?
– Не.
– Хушкардаат? – хандид ба ҳоли ту.
– Бале, хушкардаам, азизи дилам, – гуфтам.
– Насибат кунад, бисёр арзанда, кофта-кофта ёфта будаӣ – киноя зад.
– Ба ӯ чӣ ҷавоб гуфтанам ҳам дар хотират намондааст?
– Нашунидам.
– Рӯят сиёҳ, ба вай гуфтам, ки бачаи холаам аст, ба назарам аз ҳамаи шумоҳо хушрӯй, садчанд боло, шумо баъд як чизи дигарро намедонед, Худо ба вай забон додааст, забон.
Лаҳзае хомӯш истоду рӯзи сиёҳи ба сараш овардаи Фахриро ба хотир овард, овозаш баландтар гашт:
– Хаёл кардам ту беномус худатро аз ҷар партофтаӣ, мурдаӣ.

пешина
аз 234
навбатӣ