Ишқи сархӯр

Дар лаби ҷар дилам ваҳм кард, ақиб гаштанӣ шудам, касе маро тела дод. Худат тела дода будаӣ, худат! – Лутфия лаҳзае хомӯш монд.
– Гап зан, дилатро холӣ кун, гӯй ман боз чӣ гуноҳ дорам? – Фахрӣ ҳам дар ғазаб буд.
– Як чи мегӯям.
– Гӯй, даҳони тую дашти Худо.
– Малол шавӣ ҳам акнун садқаи сар. Ҳаминро гӯй, ки дар зиндагӣ шумоҳо чӣ ҳол доред? Падарат-язнаам пир шудаанду ҷорӯб дар даст дар шаҳр кӯча мерӯбанд, модарат-холаи ман якумр кӯдакбони пулдорҳо, шумоҳо як оилаи бечораҳол, гоҳе серу гоҳе нимгурусна, медонам. Бо ҳамин ҳол ту аз он кафтархона як булбул, гируми духтари вазир, Мӯниса боз «тӯй шудем» гуфта, ба ман механдад. Бигзор хандад, ман ба ҳоли шумоҳо баъд механдам, Мӯнисаро ҳам ту шармандаи рӯи олам менамоӣ, дар миёнроҳ мемонад, ҷои рафтан намеёбад, – Лутфия ба доду валвала гузашт: – Вай ман будам, ки бачаи холаам, камбағали худамон гуфта, ба ту дил додам, худамро барои ту қариб мекуштам, нағз шуд, ки зинда мондам.
– Бас кун, Лутфия, таъна назан, таҳқир накун! Бас! Бас!! – Ҳолу аҳволи хонаводаашонро ба хотир овард магар, ки чанд лаҳза дар фикр монд, сокит шуд ҷавон – Дастатро ба ман те, аз ҷоят хез, ба ту ҳамашро мегӯям. Дастатро ба ман те.
– Дасти ту ҳаром аст, бас, тамом, дасти ман соҳиб дорад.
– Аз кай? – лабханд зад Фахрӣ.
– Аз дина, баъде ки ту маро ба ҷар тела додӣ, баъде ки як ҷавон дар танаи ҷар ҷонбозӣ карда, маро аз марг раҳонд, аз ҷони худаш гузашта ҷони мана гуфт, баъд як худаш маро аз ҷар баровард, баъд маро рӯи сабзаҳо партофта бӯсид. Лекин дар ҳамин ҷо ҳам мани аблаҳ «ман аз они Фахрӣ» гуфтаму ба рӯяш бо тундӣ назар андохтам, сухани қабеҳ гуфтам.
Наранҷид, хандид. Мани беҳушу беёдро ба кулбаҳаки худашон бурд. Дар ҷойгаҳ хоб будаму вай ангуштонашро ба болои чашму абрувонам бурда меҳрубонӣ мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё