Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Худат мегуфтӣ-ку «аз ҳар гул як бӯе». Ҳоло ин гул бароят Мӯниса, дар хонаашон тӯй, шавҳар мекунад, мон бахташро ёбад.
– Ман бахтамро ёфтам, ғами маро нахӯр, – овози қаҳқаҳаи хандаи Мӯниса баланд гашт.
– Наханд, гуфтам-ку рӯзи ту аз пеш аст, туро соҳиб шуда наметавонад, ба вай бовар накун. Худо занадаш, ҷазо бинад. – Боз чи гапҳое дар забон Лутфия дар рӯи гӯр якнима шуд, афтод. Дардаш гирифта буд. Дарде, ки аз лаҳзаҳои ба ҷар афтодан ба ӯ ёр шуда. Шаб дар хонаи Исфандиёр низ чанд бор беҳуш гашт, боз ба ҳуш омад. Пирзан, модари Исфандиёр дилсӯзона мегуфт: «Духтар ҳайф шудааст, сараш лат хӯрдааст!» Ҳоло низ беҳуш шуд ӯ. Мӯнисаю Фахрӣ болои сараш давиданд, «Лутфия, Лутфия, ба худ биё, Лутфия!» фарёд заданд, даст ба сараш монданд, дасту пойҳояшро даст-даст карданд, ба ҳуш наомад.
– Чӣ кор мекунем? – Мӯниса ба ҳарос афтод.
– Меравем.
– Боз ягон гап нашавад?
– Ҳеҷ кас моро надидааст, бо роҳи дигар меравем, аз назди бобои Мирзораҳим намегузарем.
– Ин чӣ хел мешавад, ба Лутфия ягон гап нашавад. – Хаёли Мӯниса парешон буд.
– Меравем, – бо қатъият гуфт Фахрӣ ва қадам бардошта буд, ки ду нафар рӯ ба ӯ рост шуданд. «Аз куҷо омадаанд?
Кистанд?»
Фахрию Мӯниса саргарми доду мағал пайдо шудани онҳоро надида буданд ва аз ҳайрат дар ҷой шах шуданд. Яке аз онҳо ҷавоне буд, ки дар бар ҷомаи сатини сиёҳи рангаш баланду дар сар телпаки сиёҳ дошт, дар дасташ як чӯби дароз. Дуюмӣ зане, ботанутӯш, мардакнамо, шиму костюм, куртаи сафед пӯшида, дар гардан галстук баста буд, симояш ғазаболуд. Ҷавон пеш омаду бо қаҳру ғазаб ва итоб аз дасти Фахрӣ дошт.
– Номи ту Фахрӣ?
– Ҳа, ака, номи ман Фахрӣ, шумо номи маро медонед? – аз тарс назди ҷавон бо зону задан мехост ӯ.
– Туро меҷустам, вай кӣ? – Ба Лутфия, ки рӯи гӯр беҳушу беёд хобида буд, ишора кард.

пешина
аз 234
навбатӣ