Ишқи сархӯр

– Номашро намедонӣ? Фаромӯш кардӣ? Вай Лутфия, вайро ту ба лаби ҷар бурда будӣ, куштан хостӣ, ба мақсад нарасидӣ. Вай духтари ҳамроҳат канӣ? – Фахрӣ бештар дар тааҷҷуб ва дар ҳарос шуд, ки ӯ Мӯнисаро аз куҷо медонад. Ҷавон мунтазири ҷавоб нашуда, – ҳо ана вай, – гӯён Мӯнисаро, ки кайҳо рӯ ба гурез аз гӯристон берун мешуд, ба Фахрӣ нишон дод. – Ошиқи вафодорат-а?
Дидӣ, туро дар чӣ ҳол партофта мегурезад. Вай Лутфия не-а?
Лутфия барои ту худашро ба ҷар андохт, туро мурдааст, гуфта гӯратро мекобад. Аммо ту номард зинда, ба ҳолаш механдӣ... Ана, бин, ҳоло вай дар чӣ ҳол. – Ҷавон бори дигар ба Лутфия, ба болои гӯр ишора кард. – Акнун халос намеёбӣ.
Вай духтаратро ҳам меёбем, мо барои ту омадем, – ҳамроҳашро дар назар дошт ҷавон.
– Охир, ака, ман гуноҳ надорам, вай худаш ба ҷар афтод, ҳозир ҳам вай худаш аз ҳуш рафт, бовар кунед ман гуноҳ надорам, – такрор намуд ва афзуд: – Ман вайро дӯст медорам.
– Чӣ гуфтӣ? Дӯст медорам нагӯй! Бори дигар «дӯст медорам» гӯӣ, забонатро мебурам, мекушам. – Оташи ғазаби ҷавон аланга заду ба ҳамроҳаш муроҷиат кард. – Гулнора, дасту пояшро банд. Соҳиб шав!
Хархашаю ғавғо баланд, Лутфия ба ҳуш омад.
– Лутфия! Лутфияҷон! – Бо шунидани овози шинос ба бадани Лутфия ҷон даромад, ҷунбид.
– Лаббай, ҷон! – Чашм кушод Лутфия.
– Лутфия!
– Исфандиёр?! Омадӣ?
– Омадам, гуфта будам-ку меоям, интизор шав.
– Дастама гир, – Лутфия ба ҷониби вай даст дароз кард ва нигоҳаш ба Фахрӣ, ки назди Гулнора ба зону зада зорию тавалло дошт, афтиду овозаш баланд шуд: – Фахрӣ!
Фахрӣ сар боло накард.
– Гуфта будам, ки дасти ман соҳиб дорад. Шунида будӣ-а? – Ба паҳлуӣ Исфандиёр гузашт ва Гулнораро шинохт. Ӯ ҳамон духтаре, ки Лутфия аз сангоб баромада дар сари баландӣ вайро дида, хабари ғарқ шудани Исфандиёрро гуфта буд.
– Омадем, Лутфия, туро ёфтем, – гуфт бо табассум Гулнора.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё