Ишқи сархӯр

Як дунёю обу ҳавойи тозаю беғубораш, мисли дору. Сафедоб гуфта одамон аз ким-куҷоҳо рӯ ба он меоранд, мазораш зиёратгоҳ ҳам шуда. Бале, Сафедоб ҳамин гуна деҳаи ноёбу ба назари модари Лутфия мисли як пора абри сиёҳ, ки болои дилаш афтода, даступохӯрда шуда, сӯи он медавад, ғурбат ҳам мекунад.
Нексии шалақлақа бо як азоб кӯталу баландиҳоро боло шуда, ба Сафедоб мерафт. Табъи мусофиронаш нохуш, ҳолашон сӯхтан, пухтан, хаёлҳо ноҷо. Шоҳпур мошин ҳай мекарду пеши назараш Фахрӣ, ҳамаи ин рӯсиёҳиҳо аз пайи пои вай хеста. Бераҳм, ноодам, разил, ҷону ҷигари вай, хоҳараш- Лутфияро куштан хостааст, танҳо не, якҷоя бо Мӯниса. Лутфия соҳиб дорад, ин кучукбача – Фахриро медорад, мезанад, ҳалилобхӯрак мекунад, чуноне мезанад, дигар ба худ намеояд, ана, ҳамин тавр мекунад.
Дар сари Макнунаи хоҳари Меҳринисо фикри дигар. Худо рӯяшро сурх кунад, ки ба Лутфия ягон гап нашавад, гунаҳкор бачаи беақли вай Фахрӣ, бо сӯхтан пок намешаванд.
Падари Лутфияро бошад як гапи бобои Ӯзбакхоҷа ба ҳайрат овардааст, Исфандиёр, ки ӯро Сархӯр ҳам мегуфтаанд, кӣ? Ҳамин зайл ҷавонҳо ҳам будаанд? Вай солҳои сол дар Донишкадаи санъат ва фарҳанг ба шогирдон дарс мегӯяд, ин хел фидокор, ҷоннисор будани ягон нафари онҳоро тасаввур намекунад. Кадоми онҳо дидаю дониста баҳри аз марг раҳонидани касе рӯ ба марг меравад?
Дар дилу хаёли модар ҳам як орзую як матлаб: Худованд роҳи дарози Сафедоб кӯтоҳ шавад, ки ҳар чи зудтар рӯи ӯ ба рӯи духтараш занад. Бобои Ӯзбакхоҷа ҳам дар даруни мошин безобита. Дарди ӯ дигар, аз намози ҷумъа ақиб мемондааст.
Барои ҳамин ҳам чанд бор ба забони ҳол омад, аз ҷиянаш хоҳиш кард, ҳаракати мошинро тезонад.
– Аз намози ҷумъа ақиб мемонам мегӯед, тағо? – Ин сухани тағо ба модари Лутфия нафорид. – Аз духтари ман ҳам тағоҷон, намози ҷумъа зарур?
– Ҳа, ҷиян, умри имрӯзу пагоҳ дорам, поям ба лаби гӯр расидааст, тӯшаи охират лозим. Пагоҳ ҳеҷ кадоми шумоҳо ба гӯрам намедароед, дастгирам намешавед, суолу ҷавобамро худам медиҳам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё