Ишқи сархӯр

Баъд ҳама медонанд, ки тағоят дар умраш аз ягон намози ҷумъа ақиб намондааст. Чӣ мешудааст, ки ба туфайли шумоҳо аз намози ҷумъа монам. Ту мошинро ҳай кун, ҷиян, тез, – боз аз Шоҳпур талаб кард тағо.
Ба ақидаи Меҳринисо «ин хел, бедидаю берӯгиҳои тағо» як дарди ӯро сад дард кард. «Дидӣ, Лутфияҷон, – модар номи духтарашро гирифта бо дарду ҳасрати зиёд бо вай хаёлан ҳамгап мешуд, – акнун фаҳмидӣ, ки барои ту кӣ месӯзад, тағою амма, падар ҳама хабари бекор, модар месӯхтааст, як сӯзанда».
Меҳринисо аз тағо, ки ӯро тағоҷон, ҳам мегӯяд, гиламанд.
Барояш аз ҷиян – духтари Меҳринисо дида, намози ҷумъа муҳим. Намегӯяд, ки агар Худо нишон надиҳад, ба Лутфия ягон гап шавад, ӯро дигар аз куҷо меёбӣ. Намози ҷумъа чӣ?
Ҳафта, ки гузашт боз ҷумъа. Модари Лутфия худ ба худ бо тағо дар ҷанг буд, ки овози ӯ баланд шуд:
– Шоҳпур, оҳой Шоҳпур!
– Лаббай тағо.
– Ба ту чӣ гуфтам, нашунидӣ? Мошинро ҳамин ҷо манъ кун, – вақте ба кӯчаҳои деҳа даромаданд, бобои Ӯзбакхоҷа аз Шоҳпур талаб дошт, ки мошинро дар назди дарвозаи баланд, ки бинои масҷид будааст, нигоҳ дорад.
– Чӣ кор мекунед, тағо?
– Мефароям, намоз мехонам.
– Шумо, ки мефароям мегӯед, мо куҷо равем? Дар ин деҳаи бесоҳибмонда киро мешиносем? – Бо ситеза пурсон шуд Меҳринисо.
– Эҳа, рост мегӯӣ, ба хок пирӣ, қариб фаромӯш кардаме, – бобои Ӯзбакхоҷа як дарвозаи рангпаридаи охири кӯчаро, ки ҳарду табақааш ба пушт боз буд, ба ҳамроҳонаш нишон дод ва афзуд:
– Ана, ҳамон ҷо хонаи кампири Санам, равед, ман ки намозҳоямро хондам, бармегардам, – бобо аз мошин фаромада, рӯ ба дарвозаи баланд – ба масҷид шуд.
-
-
- Шоҳпур хост, ки мошинро дар паси дарвоза нигоҳ дошта соҳибони хонаро ҷеғ занад, агар лозим ояд, баъд дохили ҳавлӣ мешавад.
-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё