Зеҳн
ЧАРОҒҲОИ ГУНОГУН

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 31 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Сайфулло ароз кардаст,
Гурба ўро соз кардаст.

МУСИЧАИ ЛАНГ
Мусичаи рўи санг,
Нишастаӣ поят ланг,
Ҷону танат ба дард аст,
Туро кӣ маҷрўҳ кардаст?
Аз гурба озор дидӣ?
Ё ки аз мор тарсидӣ?
Биё, назди тиреза,
Ба ту диҳам нонреза
Бар поят дору молам,
Асали ору молам.

БО ДАҲОНИ БОЗАШ
Дорад акоям Ҳабиб,
Як мошини аҷоиб.
Мошини гардандароз,
Гарданаш тири ҷувоз.
Вай бо даҳони бозаш,
Бо гардани дарозаш.
Бо дандони фўлодин,
Доим мекобад замин.
Нишаст акоям ба он,
Кофт ҷўбори калон.
Тайёр кардем мо сарбанд,
Дар бари кўҳи баланд.
Оби фаровон омад,
Аз Кофарниҳон омад.
Дар заминҳои обшор,
Мо мекунем киштукор.

АНОРИ ДОНА-ДОНА
( Бо оҳанги халқӣ ) Як дона гул, ду дона , Анори дона-дона, Мо омадем ба мактаб, Танбал ҳанўз дар хона.

Як дона гул, ду дона ,
Анори дона-дона,
Бар саволи муаллим,
Вай мехонад афсона.

Дар боғи мо шафтолу

пешина
аз 31
навбатӣ