ЧАРОҒҲОИ ГУНОГУН

Зери шиша рўи пал.
Ниҳолҳоро овардем,
Дар замин кўчат кардем.
Карами печон будаст,
Тухми Марғелон будаст.
Баргаки паҳну сафед
Болои ҳам, ки печид,
Калон-калон карам дод,
Тўби ғелон карам дод.
Ҳар каллааш ҷўраҳо,
Мешавад як дег шўрбо.
КАДУ
Таги гандума кофтем,
Як дона каду ёфтем.
Сап-сафедак барф барин,
Тугмаи садаф барин.
Бобо ба ман замин дод,
Як рўи пал барин дод.
Онро мулоим кардам,
Тухми каду корридам.
Баъди борон як саҳар,
Донаи ман кашид сар.
Ниҳолаки кадуро
Ман додам обу ғизо.
Калон бишуд ниҳолак,
Давон ба ҳар сў палак.
Якташ ба сари девор,
Баромад ба сафедор.
Якташ ба болои дар.
Печид ба шохи ар-ар,
Каду якбора гул кард,
Хостаи мо шуд заб-зард.
Долу дарахти бобом,
Болои девору бом,
Аз каду пурбор шуданд.
Монанди гулхор шуданд.
Калон-калони ширин,
Тарбузи Ёвон барин.
ГАНДУМ ВА ТАКТАК
Як тактаки ришдароз Гуфто ба ишваю ноз:
–Ман донаи хушрўям, Накорида мерўям.
Дар чўлу дар биёбон Ҳосили ман фаровон.
Кўмочи мардон манам,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё