Зеҳн
ЧАРОҒҲОИ ГУНОГУН

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 31 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ў зиндагонӣ мекунад,
ў қаҳрамонӣ мекунад.
Фирўза – фирўзи замон,
Чун модари мо меҳрубон.
Бахшандаи бахти занон,
Рахшандаи ҳар хонадон.
ў зиндагонӣ мекунад,
ў қаҳрамонӣ мекунад.
Бар дидаи бобо Ҷалол
Махсумсафар осудаҳол,
Сайёраи соҳибҷамол
Бо Анвари соҳибкамол,
ў дарс мегўяд ба мо,
Аз меҳнату аҳду вафо.
Афтода андар тори худ,
Печида мондаст анкабуд.
Тирморҳои бепаноҳ
Рафтанд бар боди фано.
Зоғони бадмури замон
Мурданд беному нишон.
Бобои мо, бобои мо,
Маҳбуби мо, дунёи мо,
Ин дафъа Маскав меравед,
Бар мо чиҳо меоваред?
Чун тўҳфаи қиматбаҳо,
Оред асар нав-нав ба мо.
Дар ҷашни ҳафтоди Шумо
Бар хонаи шоди Шумо,
Меҳмони раҳдурӣ биёд,
Ойими танбўрӣ биёд.
Дар тўятон бозӣ кунем,
Рақсему дилшодӣ кунем.

БА ГУЛЧЕҲРА СУЛАЙМОНОВА
Бибии мо Гулчеҳра,
Гулчеҳраи шоира.
Аз роҳи дур меояд,
Бо дили пур меояд.
Дар шаҳри Мултон будаст,
Дар Хоҷа Мастон будаст.
Аз сўи боғ меояд,
Аз Сичароғ меояд.
ў «Себи хубон» дорад,
«Шаддаи марҷон» дорад.
Бибии панҷоҳсола
Ба Наргису ба Лола
«Ду бехи олу» овард,
Олуи хушбў овард.
Дар вақти «Борон» овард,
Ба сўи ҳолмон овард.
«Имрўз ид»-и бибиҷон,
Меоянд ёру дўстон.
Холаи зардўз омад,
Деҳқон – Фаромўз омад.
Дурдона ҳам меояд,
Мадина ҳам меояд.
«Чархи фалак» равон шуд,
Аспу шутур давон шуд.
«Чил кокули бозингар»,
Чил духтари тўйхабар
Яксара рақсон шуданд,
Шеъру ғазалхон шуданд
Тўйи калон муборак,
Аз дилу ҷон муборак!

пешина
аз 31