ЧАРОҒҲОИ ГУНОГУН

Дар ҳалқаи ҷўраҳош
Акои ман дилшод аст,
Гул-гул шукуфта гўё
Ин бегоҳӣ домод аст.
Акои ман диловар
Агар равад аскарӣ,
Хизмати хуб мекунад,
Дорам ба ў боварӣ.
Акои ман аскар шуд,
Биёед, эй ҷўраҳо,
Бо рақсу бозии худ
Гусел намоем ўро.
ОРЗУИ ШИРИН
Аз хизмати аскарӣ
Омад ҳамин саҳарӣ
Бародари калонам
Азизи дилу ҷонам.
Телпакаш нишон дорад,
Нишони рахшон дорад.
Онро ниҳодам ба сар,
Шудам гўиё аскар,
Фардо калон мешавам
Ба Москва меравам,
Дар Майдони Сурхи он
Қадам мезанам шодон,
Чун аскари бонизом,
Чун аскари бонизом.
РОҒУН
Мо – баччаҳои Роғун,
Мо – баччаҳои қобил
Мо – зодагони меҳнат,
Соҳиби ҷою манзил.
Чун рўи навбаҳорон
Роғуни мо базеб аст.
Аз рўи шўҳраташ он
Бар дидаҳо қариб аст.
Роғун макони меҳнат,
Макони кору бор аст.
Ҳар он каси ҳунарвар
Лоиқи ифтихор аст.
Аз зўри дасти моён
Роғун шавад дилоро.
Нуру сафо биёрад
Бар деҳу кишвари мо.
ФАХРОБОД
Мулки Ҳуснобод Фахрободи ман,
Гулшани зебои навбунёди ман.
Ҷойи ангури шакарборам туӣ,
Зиннати Вахши пуранворам туӣ.
Себу ангуру анори лолагун
Мешавад аз ҳиммати деҳқон фузун.
Кони мева кони шарбат гаштаӣ,
Хони пур аз нозу неъмат гаштаӣ.
Хоки ту пайваста зар меоварад,
Қудрати меҳнат зафар меоварад.
Боғи сабзи Тоҷикистонам туӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё