Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Бад-ӯ гуфт Рӯдоба: «Ман ҳам чунин
Пазируфтам аз довари кешу дин,
Ки бар ман набошад касе подшо,
Ҷаҳонофарин бар забонам гуво,
Ҷуз аз паҳлавони ҷаҳон Золи Зар,
Ки бо тоҷу ганҷ асту бо ному фар!»
Ҳаме меҳрашон ҳар замон беш буд,
Хирад дур буд, орзӯ пеш буд.
Чунин то сапеда баромад зи ҷой,
Табира баромад зи пардасарой.
Пас он моҳро шоҳ падруд кард,
Тани хеш тору бараш пуд кард.
Сари мижжа карданд ҳарду пуроб,
Забон баркушоданд бар офтоб,
Ки «Эй фарри гетӣ, яке лахт низ
Якояк набоист омад ҳаниз!»¹
Зи боло каманд андарафканд Зол,
Фуруд омад аз кох фаррухҳамол.
РОЙ ЗАДАНИ ЗОЛ БО МӮБАДОН
ДАР КОРИ РӮДОБА
Чу хуршеди тобон баромад зи кӯҳ,
Бирафтанд гурдон ҳама ҳамгурӯҳ.
Бидиданд мар-паҳлавонро ба гоҳ
В-аз он ҷойгаҳ баргирифтанд роҳ.
Сипаҳбуд фиристод хонандаро,
Ки хонад бузургони донандаро.
Чу дастури фарзона бо мӯбадон,
Сарафроз гурдону фаррух радон
Ба шодӣ бари паҳлавон омаданд,
Хирадманду равшанравон омаданд,
Ҳаниз – ҳанӯз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё