Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Або ёраву тавқу бо гӯшвор,
Зи дебову гавҳар чу боғи баҳор,
Ду рухсора чун лола андар чаман,
Сари ҷаъди зулфаш шикан бар шикан.
Ҳамон Зол бо фарри шоҳаншаҳӣ
Нишаста бари моҳ бо фарраҳӣ,
Ҳамоил яке дашна андар бараш,
Зи ёқути сурх афсаре бар сараш,
Зи дидан-ш Рӯдоба мен-орамид,
Бидуздида дар вай ҳаме бингарид,
Бад-он шоху ёлу бад-он фарру бурз,
Ки хоро чу хор омадӣ з-ӯ ба гурз,
Фурӯғи рухашро, ки ҷон барфурӯхт,
Дар ӯ беш дидӣ, дилаш беш сӯхт!
Ҳаме буд бӯсу канору набид,
Магар шер, к-ӯ гӯрро нашкарид.¹
Сипаҳбуд чунин гуфт бо моҳрӯй,
Ки «Эй сарви симинбари мушкбӯй,
Манучеҳр чун бишнавад достон,
Набошад бар ин кор ҳамдостон,
Ҳамон Соми Найрам барорад хурӯш,
Каф андозаду бар ман ояд ба ҷӯш!
Валекин на пурмоя ҷон асту тан,
Ҳамон хор гирам, бипӯшам кафан.
Пазируфтам аз додгар доварам,
Ки ҳаргиз зи паймони ту нагзарам.
Шавам пеши Яздон, ситоиш кунам,
Чу яздонпарастон ниёиш кунам.
Магар, к-ӯ дили Соми шоҳи замин
Бишӯяд зи хашму зи пайкору кин.
Ҷаҳонофарин бишнавад гуфти ман,
Магар, к-ошкоро шавӣ ҷуфти ман!»
Нашкарид – шикор накард. Аз шикаридан – шикор кардан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё