Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба вижа, ки бошад зи тухми бузург,
Чу беҷуфт бошад, намонад сутург.

Чи некӯтар аз паҳлавони ҷаҳон,
Ки гардад ба фарзанд равшанравон,

Чу ҳангоми рафтан фароз оядаш,
Ба фарзанд Наврӯз бозоядаш.

Ба гетӣ бимонад зи фарзанд ном,
Ки ин пури Зол асту он пури Сом.

Бад-ӯ гардад ороста тоҷу тахт,
Аз он рафта ному бад-ин монда бахт.

Кунун ин ҳама достони ман аст,
Гулу наргиси бӯстони ман аст.

Дил аз ман рамидасту рафта хирад,
Бигӯед, к-инро чи дармон барад?

Нагуфтам ман ин, то нагаштам ғамӣ,
Ба мағзу хирад-дар наомад камӣ.

Дилам гашт бо духти Синдухт ром,
Чи, гӯед, бошад бад-ин ром Сом?

Шавад ром, гӯяд, Манучеҳршоҳ,
Ҷавонӣ гумоне барад ё гуноҳ?

Чи кеҳтар, чи меҳтар, чу шуд ҷуфтҷӯй,
Суи дину оин ниҳодаст рӯй.

Бад-ин-дар хирадмандро ҷанг нест,
Ки ҳам ройи дин асту ҳам нанг нест.

Чи гӯяд кунун мӯбади пешбин,
Чи бинанд фарзонагон андар ин?»

Бибастанд лаб мӯбадону радон,
Сухан баста шуд бар лаби бихрадон,

Ки Заҳҳок Меҳробро буд ниё
В-аз эшон дили шоҳ пуркимиё.

1
Кушода сухан кас наёрист гуфт,
Ки нашнид кас нӯш бо заҳр ҷуфт.

Наёрист – натавонист, ҷуръат накард.

пешина
аз 345
навбатӣ