Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чу нашнид аз эшон сипаҳбуд сухун,
Биҷӯшиду ройи нав афканд бун,

Ки «Донам, ки чун ин пажӯҳиш кунед,
Бад-ин рой бар ман накӯҳиш кунед,

Валекин ҳар он, к-ӯ гузинад маниш,
Бибояд шунидаш басе сарзаниш.

Маро гар бад-ин раҳнамоиш кунед,
В-аз ин банд роҳи кушоиш кунед,

Ба ҷои шумо он кунам дар ҷаҳон,
Ки бо кеҳтарон кас накард аз меҳон.

Зи хубиву некиву аз ростӣ
Зи бад н-оварам дар шумо костӣ!»

Ҳама мӯбадон посух оростанд,
Ҳама кому ороми ӯ хостанд,

Ки «Мо мар-туро сар ба сар бандаем,
Дар ин бас шигифтӣ фурӯ мондаем,

Ки бошад аз ин камтару бештар,
Ба зан подшоро накоҳад ҳунар.

Або он ки Меҳроб аз ин поя нест,
Бузург асту гурду сабукмоя нест.

В-агарчанд бар тозиён подшост,
Ҳамон аст, к-аз гавҳари аждаҳост.

Яке нома бояд суи паҳлавон,
Чунон чун ту донӣ ба равшанравон.

Туро худ хирад з-они мо бештар,
Равону гумонат беҳандештар.

Магар, к-ӯ яке нома наздики шоҳ
Нависад, кунад ройи ӯро нигоҳ,

Манучеҳр аз ройи Соми савор Напечад, шавад кори душвор хор!»

пешина
аз 345
навбатӣ