Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Фиристода аз пеши ӯ бод гашт,
Ба зер-андараш чарма пӯлод гашт.

Чу наздикии Гургсорон расид,
Якояк зи дураш сипаҳбуд бидид,

Ҳаме гашт гирди яке кӯҳсор,
Ҷаҳонанда юзу раманда шикор,

Чунин гуфт бо ғамгусорони хеш,
Бад-он кордида саворони хеш,

Ки «Омад фиристодаи кобулӣ,
Ба зер-андараш чармаи зобулӣ,

Фиристодаи Зол бошад дуруст,
Аз ӯ огаҳӣ ҷуст бояд нахуст.

Зи Дастону Эрону аз шаҳриёр
Ҳаме кард бояд сухан хостор!»

Ҳам андарзамон пеши ӯ шуд савор,
Ба даст-андарун номаи номдор,

Фуруд омаду хокро бӯса дод,
Басе аз ҷаҳонофарин кард ёд,

Бипурсиду бистуд аз ӯ нома Сом,
Фиристода гуфт, он чи будаш паём.

Сипаҳдор бикшод аз он нома банд,
Фуруд омад аз теғи кӯҳи баланд,

Суханҳои Дастон якояк бихонд,
Бипажмурду бар ҷой хира бимонд.

Писандаш наомад чунон орзӯй,
Дигаргуна пиндошт ӯро ба хӯй,

Ҳаме гуфт: «Агар гӯям, ин нест рой,
Макун доварӣ, сӯи дониш гирой,

Бари додгар низу бар анҷуман
Набошад писандида паймоншикан.

Агар гӯям орею комат равост,
Бипардоз дилро бад-он ч-ат ҳавост,

Аз ин мурғпарварда з-он девзод Надонам, чи гуна барояд нажод!»

пешина
аз 345
навбатӣ