Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

НОМА НАВИШТАНИ ЗОЛ НАЗДИКИ
СОМ ВА АҲВОЛ НАМУДАН
Сипаҳбуд нависандаро пеш хонд,
Дил оганда будаш, ҳама барфишонд.
Яке нома фармуд наздики Сом,
Саросар навиду дуруду паём.
Ба хат аз нахуст офарин густарид
Бад-он додгар, к-ӯ замин офарид,
«Аз ӯй аст шодӣ, аз ӯй аст зӯр,
Худованди Ноҳиду Баҳрому Ҳур,
Худованди ҳасту Худованди нест,
Ҳама бандагонему Эзад якест…
Ман аз духти Меҳроб гирён шудам,
Чу бар оташи тез бирён шудам.
Ситора шаби тира ёри ман аст,
Ман онам, ки дарё канори ман аст.
Ба ранҷе расидастам аз хештан,
Ки бар ман бигиряд ҳама анҷуман.
Агарчи дилам дид чандин ситам,
Нахоҳам задан ҷуз ба фармон-т дам.
Чи фармояд акнун ҷаҳонпаҳлавон,
Раҳонам аз ин дарду сахтӣ равон!»
Сипаҳбуд шунид, он чи мӯбад бигуфт,
Ки «Гавҳар кушода кунад аз нуҳуфт,
Зи паймон нагардад сипаҳбуд падар,
Бад-ин кор дастур бошад магар,
Ки ман духти Меҳробро ҷуфти хеш
Кунам ростиро, ба оину кеш.
Падар ёд дорад, ки чун мар-маро
Бад-ӯ боз дод Эзади доваро,
Ба паймон чунин гуфт пеши гурӯҳ,
Чу бозоваридам зи Албурзкӯҳ,
Ки «Ҳеч орзӯ бар дилат нагсилам,
Кунун андар ин аст баста дилам!»…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё